24.9 C
Dushanbe

Боздошти Эшони Сироҷиддин

Эшони Сироҷиддин, рӯҳонии маъруфи тоҷик

Бино ба хабарҳои расида мақомоти қудратии Тоҷикистон дирӯз 12 ноябр рӯҳонии маъруфи тоҷик Сироҷиддин Абдураҳмонов (маъруф ба Эшони Сироҷиддин)-ро бо шумули чанд шогирдаш боздошт кардаанд. То ҳол ин хабар расман аз ниҳодҳои расмӣ тасдиқ нашудааст.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дар саҳифаи фейсбукаш дар ин бора хабар додааст.

Бино ба навиштаи Иззат Амон, мақомот бо як автобус дохили минтақа гашта худи Сироҷиддин ва чанд нафар шогирдонашро гирифта бурдаанд. Дар манзили онҳо кофтукоб сурат гирифта ва ба нақли шоҳидон китобу компютерҳои онҳоро низ мақомот бо худ бурдаанд.

Наздикони Эшони Сироҷиддин ба Радиои Озодӣ гуфтанд, намояндагони мақомоти интизомӣ китобу компютерашро низ бурданд ва сабаби боздошт то ҳол маълум нест. Ба қавли Радиои Озодӣ мақомот дар бораи боздошти ин рӯҳонӣ изҳори беиттилоӣ карданд.

Мақомот Эшони Сироҷиддинро соли 2009 боздошт намуда, бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни “Салафият” барои 7 сол равонаи зиндон карда буд, аммо баъд аз сипарӣ кардани 4 сол озод шуд. Баъд аз озод шуданаш аз зиндон равиши гуфтораш пурра ивваз шуд ва вақтҳои ахир бештар ба тавсифи раисҷумҳур ва танқиди ҲНИТ ва мухолифон мепардохт.

Izzat Amon
Боздошти рӯҳонии маъруф эшони Сироҷиддин.Дирӯз дар минтақаи Зарафшони пойтахт кормандони қудратии кишвар амалиёти боздошти эшони Сироҷиддин ва шогирдонашро гузаронидаанд. Кормадони…

Дирӯз дар минтақаи Зарафшони пойтахт кормандони қудратии кишвар амалиёти боздошти эшони Сироҷиддин ва шогирдонашро гузаронидаанд.

Кормадони пулис бо як автобус дохили минтақа гашта худи Сироҷиддин ва чанд нафар шогирдонашро гирифта бурдаанд. Дар манзили онҳо кофтукоб сурат гирифта ва ба нақли шоҳидон китобу компутарҳои онҳоро низ мақомот бо худ бурдаанд.

Эшони Сироҷиддин бо шумули 3 ва ё 4 нафари дигар то ҳол дар боздошт қарор доранд.

Қаблан ин руҳонии маъруф бо қарори суд ба 5 соли зиндон маҳкум гашта баъд аз сипарӣ гаштани 4 сол аз ҳабс озод гашта буд.

Суд ӯро бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни динии “Салафия” гунаҳкор дониста буд.

Агар дӯстон дар ин замина хабари бештаре дошта бошанд лутфан ироа фармоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.