Заминларза дар Покистон: 20 кушта ва зиёда аз 300 захмӣ

Дар асари як заминларза дар Балучистони Покистон дасти кам 20 нафар кушта ва зиёда аз 300 нафар ҷароҳат бардоштааст, ки вазъи саломатии 40 каси онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

7-уми октябр, Рӯзномаи “Ҷанг”-и Покистон иттилоъ дод, бомдоди имрӯз дар иёлати Балучистони Покистон заминларзае бо шиддати 5,9 дараҷаӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа хисороти моддӣ талафоти ҷонии зиёде ба ҳамроҳ доштааст.

Ҳамзамон расонаҳо гузориш додаанд, ки бар асари ин заминҷунбӣ дар ноҳияи Ҳарноии Балучистон, ки як минтақаи кӯҳистонӣ аст, хаттҳои интиқоли нерӯи барқ ва алоқаи мобилӣ низ қатъ шуда, ба маҷруҳон бо рӯшноии телефонҳои ҳамроҳ кумак аввалияи тиббӣ расонидаанд.

Артиши Покистон ҳам баъдтар эълон кардааст, ки пас аз вуқӯъи ин ҳодиса воҳиди нерӯҳои вижаи кумакрасони он ба ҷои ҳодиса расида, кумакҳои аввалияи худро ба сокинони осебдида расонидааст. Инчунин тавассути чархбол баъзе осебдидаҳоро, ки ваъзи саломатиашон вахимтар будааст, ба бемористонҳои шаҳри Кувета интиқол додаанд.

Иёлати Балучистони Покистон як минтақаи кӯҳистонӣ аст ва яке аз иёлатҳои фақиртарини ин кишвар ба ҳисоб меравад, ки бунёди зерсохторҳои иҷтимоии суст ва осебпазир дониста мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.

Бедарак шудани як фаъоли зодаи Бадахшон дар Олмон

19-уми октябри соли ҷорӣ, фаъоли зодаи Бадахшон Саидтаиб Саидмамудов дар Олмон боздошт шудааст ва бо гузашти ду ҳафта аз ӯ хабаре нест.

Намоиши филми Эмомалӣ Раҳмон дар масҷидҳои ноҳияи Ванҷ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз намоиши филми мустанади «Пешво аз қалби мардум» дар масҷидҳо, инчунин идораҳо ва муассисаҳои ноҳия хабар додаанд.

Русия далелҳои ихроҷи муҳоҷиронро аз 22 ба 45 маврид афзоиш медиҳад

Аз 3-юми ноябр дар Русия қонуни наве мавриди иҷро қарор мегирад, ки шумори моддаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунанд, аз 22 ба 45 мерасонад.