Акс: Интернет Русия дар талоши барқарор кардани равобит бо Толибон аст ва мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникии Афғонистон дар идораи кишвар ба таври комил ширкат кунанд. Ба қавлибархе расонаҳои ғарбӣ, Путин дар вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки Русия мехоҳад дар идораи ҳукумати Афғонистон тамоми ақаллиятҳои қавмии он кишвар ҳамроҳ бошанд. Хадамоти […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Русия дар талоши барқарор кардани равобит бо Толибон аст ва мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникии Афғонистон дар идораи кишвар ба таври комил ширкат кунанд.
Ба қавлибархе расонаҳои ғарбӣ, Путин дар вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки Русия мехоҳад дар идораи ҳукумати Афғонистон тамоми ақаллиятҳои қавмии он кишвар ҳамроҳ бошанд.
Хадамоти матбуотии президенти Русия низ хабар дода, ки Путин бо ишора ба Афғонистон гуфтааст, Русия ҳама корро анҷом медиҳад, то вазъ дар ин кишвар ба эътидол ояд. “Мо талош мекунем бо нерӯҳои сиёсие, ки вазъиятро пурра назорат мекунанд, равобит барқарор кунем”, – гуфтааст Президенти Русия.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳарчанд Русия Толибонро расман ҳамчун гурӯҳи “ифротгаро” ва “терруристӣ” шинохтааст, аммо қаблан намояндаи Толибонро ба ҳайси намояндаи расмии кишвари Афғонистон пазируфта буд. Инчунин ҳайъати Толибон дар Форуми иктисодии байналмиллалии Санкт-Петербург низ ширкат варзиданд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.