Мувофиқи омори ҷадид шумори ҷонбохтагон бар асари заминларзаи шаби гузашта дар Афғонистон ба беш аз 1400 нафар расидааст.
Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи сешанбе, 2-юми сентябр омори кушташудагони заминларзаи вилояти Кунари Афғонистонро 1411 ва захмиёнро 3124 нафра эълон кард.
Ба гуфтаи ин мақомдорои Толибон, ба сабаби камбуди нерӯҳои наҷот ва таҷҳизоти лозимӣ мардуми маҳаллаҳои гирду атроф ба кумаки гирифторони зери овораҳо шитофтанд, вале боз ҳам кори наҷот ба сахтӣ пеш меравад ва ин боис шуда, ки мардуми зиёде гирифтор дар зери овораҳо ҷони худро аз даст бидиҳанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сухангӯи Толибон дирӯз омори ҷонбохтагони ин заминларзаро 800 нафар ва захмиёнро 2500 кас эълон карда буд. Ӯ ишора карда буд, ки вобаста ба вазъият эҳтимоли афзоиши омори қурбониён зиёд аст.
Бо омодани Толибон аз соли 2021 то кунун ҳамасола чандин маротиба заминларза дар Афғонистон рух додааст, ки 3-тои онро маргбортарин заминларзаҳо унвон мекунанд. Ба иттилои расонаҳо, соли 2021 дар ин кишвар дасти кам 1 заминларза, соли 2022 – 6, соли 2023 – 7, соли 2024 – 5 ва соли 2025 то кунун дасти кам 5 маротиба заминларзаҳо сабт шудааст, ки кушта ва захмиёни ин ҳамаро бештар аз 10 ҳазор нафар арзёбӣ мекунанд.
Дар пайи заминларза аксари кишварҳои дунё дирӯз ҳамдардии худро бо мардуми Афғонистон баён карданд. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз бо нашри баёнияе ба осебдидагони ин кишвар таслият гуфтааст. ВКХ заминларза ва ҳалокати садҳо нафар дар Афғонистонро “фоҷиаи ғамангез” хонда, мафзояд, ки марги мардуми зиёд дар пайи ин ҳодиса “боиси андуҳи амиқи мардуми Тоҷикистон гардидааст”.
Ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Аврупо, заминларзаи маргбори Афғонистон соати 11:17 шаби якшанбе, 31-уми август вилояти Кунар ва шаҳру навоҳии гирду атрофи онро ларзонд. Бар асоси иттилои ин пойгоҳ, шиддати заминларза 6 дараҷаи Рихтерро ташкил дода, маркази он дар 25-километрии шаҳри Саъдобод – маркази вилояти Кунар рух додааст.