33.9 C
Dushanbe

Ҳушдори КҲФ аз вазъи нохуби роҳҳои кӯҳӣ дар кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ зимни нашри паёме бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзҳои 28-29-уми марти соли ҷорӣ дар баъзе “ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ҳамчунин навоҳии ғарбии ВМКБ лағзиши тарма ва резиши санг пешбинӣ мешавад.”

КҲФ ҳамзамон ба сокинони ин ноҳияҳо тавсия дода, ки “дар ин рӯзҳо ба ғунучини ҳезум, дорувор, шикор ва моҳидорӣ нараванд. Ҳамчунин тавсия мешавад, ки дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои наздикӯҳиву кӯҳӣ чорвочаронӣ маслиҳат нест.”

Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ронандагон бояд эҳтиёткор бошанд ва “қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.”

Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳӣ аст, аксар вақт дар фасли зимистон ва аввали баҳор бузургроҳҳои кӯҳии он бо сабаби лағзиши тарма, резиши санг ва дигар офатҳои табии хароб ва барои чанд рӯз масдуд мешаванд.

Яке аз роҳҳои кӯҳии кишвар ин роҳи Душанбе – Чаноқ мебошад, ки вилояти Суғдро бо пойтахт мепайвандад. Зиёда аз даҳ сол мешавад ин роҳ пулакӣ аст ва масъулияти нигоҳу бини онро ширкати “IRS”-и марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад. Аммо бо вуҷуди пулакӣ будан ҳаммасола ин роҳ дар фаслҳои сармо гоҳ гоҳе масдуд мешавад, ки ронандагон ва сокинони кишвар масъулини “IRS”-ро дар камкорӣ айбдор мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.