Устоди донишгоҳ мегӯяд, Самарқанду Бухоро аз тоҷикон нестанд

Устоди Донишгоҳи Хуҷанд Исомиддинов (Исомитдинов) Ҷӯрабек дар як мусоҳибаи телевизионии Узбекистон мегӯяд, ки тоҷикон набояд дигар дар бораи Самарқанду Бухоро фикр кунанд.

Ин устоди донишгоҳ мегӯяд, дар шаҳрҳои бостонии Самақанду Бухоро замоне ба тоҷикон тааллуқ дошт, вале ҳоло дар ҳудуди Узбекистон ҳастанд ва даъвои ин ки ин ду шаҳр ба тоҷикон марбут асту ҳоло аз онҳо гирифта шудаанд, набояд матраҳ шавад.

“Иддаои ин ки Самарқанду Бухоро аз тоҷикон аст, хато аст. Ҳозир ин шаҳрҳо дар ҳудуди Узбекистон қарор доранд. Ман ҳангоми дарс гуфтан ба шогирдонам мегӯям, ки ин масъала ҳал шудааст, дар байни давлатҳо масъалаи марзу ҳудуд имзо шудааст ва мо ин тавофуқоти имзошударо ҳақ надорем инкор кунем.“, – мегӯяд Исомиддинов дар мусоҳибааш.

Исомиддинов ҳамчунин таъкид мекунад, ки “Чаро мо имрӯз дар бораи Самарқанду Бухоро даъво мекунем, лекин дар бораи Балху Астарободу Машҳад даъво намекунем?“

Ин тарзи баёни устоди Донишгоҳи Хуҷанд Иомиддинов Ҷӯрабек вокуниши аксари корбаронро ба бор овардааст. Дар зери навори мусоҳибаи ӯ корбарони тоҷик аз ӯ шадидан интиқод карда, бархе аз шарҳнависон ӯро “Ватанфурӯш”, “хоин” “Пантуркист” ҳам хитоб карднаанд.

Аз ҷумла, Адибаи Хуҷандӣ менависад: “Ин одам ӯзбек ба фикрам тоҷик нест, таърихро инкор дорад. Вой бар мо. Ин одам боз ҳар рӯз дар телевизиони вилоят аз китоби Тоҷикон ҳарф мезанад. Баракси ҳамин гапҳоро мегуфт…Мо ба мардуми ӯзбек эҳтиром дорем дӯстиву бародарӣ ҳамкориҳои ҳамаҷониба хешутаборӣ дорем. Фақат инсофан лутфан таърихро набояд инкор кард.“

Ҳамчунин корбаре бо номи Бежан Некзод менависад: “Ҳайратовараш он, ки ин пантуркист худро тӯли ин солҳо таърихшиноси тоҷик вонамуд карда, ба донишҷӯён ақидаҳои пантуркистиро тарғиб мекардааст ва на ректори донишгоҳ ва на дигар шахсони масъул ба ин ҳолат таваҷҷӯҳ накардаанд. Ин хоинро мақолаҳову китобҳояшро таҳлил кардан лозим, ки худро ҳамчун таърихшиноси тоҷик муаррифӣ карда чиҳо навишта бошад.“

Ба андешаи мегӯянд, Исоматдинов ҳамчун устоди як донишгоҳи бузурги Тоҷикистон набояд ба ин нуқтаи ҳассос нохун мезад. Зеро ҳам узбекон ва ҳам тоҷикон хуб медонанд, ки ин ду шаҳр ва боз чанд шаҳри дигар, ки ҳоло дар қаламрави Узбекистон шомил ҳастанд, садсолаҳо аз бузургтарин шаҳрҳои тоҷикон буданд.

Azda Tv аз манобеи худ маълум кард, ки Исомиддинов (Исомитдинов) Ҷӯрабек аз соли 2018 то кунун мудири кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бар уҳда дорад. Писараш ҳам як муддат дар ин Донишгоҳ фаъолият кардааст.

Гуфта мешавад, Исомиддинов аз узбектаборни ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, солҳост дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба шогирдон дарс мегӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.