17.9 C
Dushanbe

Устоди донишгоҳ мегӯяд, Самарқанду Бухоро аз тоҷикон нестанд

Устоди Донишгоҳи Хуҷанд Исомиддинов (Исомитдинов) Ҷӯрабек дар як мусоҳибаи телевизионии Узбекистон мегӯяд, ки тоҷикон набояд дигар дар бораи Самарқанду Бухоро фикр кунанд.

Ин устоди донишгоҳ мегӯяд, дар шаҳрҳои бостонии Самақанду Бухоро замоне ба тоҷикон тааллуқ дошт, вале ҳоло дар ҳудуди Узбекистон ҳастанд ва даъвои ин ки ин ду шаҳр ба тоҷикон марбут асту ҳоло аз онҳо гирифта шудаанд, набояд матраҳ шавад.

Иддаои ин ки Самарқанду Бухоро аз тоҷикон аст, хато аст. Ҳозир ин шаҳрҳо дар ҳудуди Узбекистон қарор доранд. Ман ҳангоми дарс гуфтан ба шогирдонам мегӯям, ки ин масъала ҳал шудааст, дар байни давлатҳо масъалаи марзу ҳудуд имзо шудааст ва мо ин тавофуқоти имзошударо ҳақ надорем инкор кунем.“, – мегӯяд Исомиддинов дар мусоҳибааш.

Исомиддинов ҳамчунин таъкид мекунад, ки “Чаро мо имрӯз дар бораи Самарқанду Бухоро даъво мекунем, лекин дар бораи Балху Астарободу Машҳад даъво намекунем?

Ин тарзи баёни устоди Донишгоҳи Хуҷанд Иомиддинов Ҷӯрабек вокуниши аксари корбаронро ба бор овардааст. Дар зери навори мусоҳибаи ӯ корбарони тоҷик аз ӯ шадидан интиқод карда, бархе аз шарҳнависон ӯро “Ватанфурӯш”, “хоин” “Пантуркист” ҳам хитоб карднаанд.

Аз ҷумла, Адибаи Хуҷандӣ менависад: “Ин одам ӯзбек ба фикрам тоҷик нест, таърихро инкор дорад. Вой бар мо. Ин одам боз ҳар рӯз дар телевизиони вилоят аз китоби Тоҷикон ҳарф мезанад. Баракси ҳамин гапҳоро мегуфт…Мо ба мардуми ӯзбек эҳтиром дорем дӯстиву бародарӣ ҳамкориҳои ҳамаҷониба хешутаборӣ дорем. Фақат инсофан лутфан таърихро набояд инкор кард.

Ҳамчунин корбаре бо номи Бежан Некзод менависад: “Ҳайратовараш он, ки ин пантуркист худро тӯли ин солҳо таърихшиноси тоҷик вонамуд карда, ба донишҷӯён ақидаҳои пантуркистиро тарғиб мекардааст ва на ректори донишгоҳ ва на дигар шахсони масъул ба ин ҳолат таваҷҷӯҳ накардаанд. Ин хоинро мақолаҳову китобҳояшро таҳлил кардан лозим, ки худро ҳамчун таърихшиноси тоҷик муаррифӣ карда чиҳо навишта бошад.

Ба андешаи мегӯянд, Исоматдинов ҳамчун устоди як донишгоҳи бузурги Тоҷикистон набояд ба ин нуқтаи ҳассос нохун мезад. Зеро ҳам узбекон ва ҳам тоҷикон хуб медонанд, ки ин ду шаҳр ва боз чанд шаҳри дигар, ки ҳоло дар қаламрави Узбекистон шомил ҳастанд, садсолаҳо аз бузургтарин шаҳрҳои тоҷикон буданд.

Azda Tv аз манобеи худ маълум кард, ки Исомиддинов (Исомитдинов) Ҷӯрабек аз соли 2018 то кунун мудири кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бар уҳда дорад. Писараш ҳам як муддат дар ин Донишгоҳ фаъолият кардааст.

Гуфта мешавад, Исомиддинов аз узбектаборни ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, солҳост дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба шогирдон дарс мегӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.