14.9 C
Dushanbe

Усули чинӣ – тоҷикӣ дар тиҷорат. Тиллои Тоҷикистон ба ТВЕА чӣ гуна дода шуд?

Ширкати ТВЕА-и Чин дар кони “Дуобаи шарқӣ” воқеъ дар ноҳияи Айнӣ ба истихроҷи тилло шурӯъ кардааст. Захираҳои тиллои ин кон ва кони “Кумарғи боло” дар ин ноҳияро Ҳукумати Тоҷикистон бар ивази бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба ихтиёри ин ширкати чинӣ вогузор кардааст.

Ширкати ТВЕА барои бунёди Маркази гармидиҳии мазкур 349 миллион доллар харҷ кардааст. Ва акнун барои пас гирифтани пулҳояш аз ин конҳо тилло ба даст меоварад.

Дар назари аввал мисле, ки ҳама чиз софу шаффоф ва дар чаҳорчӯби қоида сурат гирифтааст. Яъне акнун хитоиҳо барои онки 349 миллион доллари худро пас бигиранд, ин ду кон барои истифодаи онҳо қарор дода шудааст. Аммо маълум мешавад, ки Тоҷикистон қарордоди ивази ин ду кон барои бунёди Маркази барқу гармидиҳиро шитобзада ва хом ба тасвиб расонидааст.

Чунки ТВЕА бо Тоҷикистон бар мабнои маълумоти иктишофи геологии замони шӯравӣ, ки захоири тиллои ин ду конро 51(бар пояи баъзе аз маълумотҳо 64) тонна баровард кардааст, қарордод ба имзо расонида буд, аммо дертар маълум шуд, ки захоири ин ду кон 117 тонна, яъне ду баробар бештар будааст.

Раҳмонбек Бахтдавлатов, роҳбари Кумисюни давлатии захираҳои Тоҷикистон, рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст захираи ин ду кон тибқи пешбинии онҳо аз хароҷоти ширкати ТВЕА барои бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе зиёдтар аст.

Ин масъули давлати Тоҷикистон дар мавриди ҳаҷми захираҳо кадом омореро ироа надодааст ва низ нагуфтааст, ки ҳаҷми зиёдатии тилло аз хароҷоти ТВЕА барои Маркази гармидиҳӣ чи тавр муҳосиба ва аз они кӣ хоҳад шуд: аз Тоҷикистон ва ё аз Чин ва ё барои истифодаи муштарак. Яъне Тоҷикистон онро мефурӯшад ва ё чӣ кор хоҳад кард? Вале дар гузашта Бахтиёр Шарифӣ, муовини собиқи вазири саноат ва технологияҳои нав, дар ҷаласаи парлумон дар ноябри соли 2019 эътироф карда буд, ки захоири ин ду кон ба маротиб бештар аз он чизе ҳаст, ки дар қарордод нишон дода шудааст:

“Ҳангоми пешниҳоди конҳои мазкур, ки қаблан корҳои иктишофӣ дар даври ҳукумати Шӯравӣ гузаронда шуд, захираи тило ҳамагӣ 51,7 тоннаро ташкил мекард. Тӯли солҳои 2013-2019 корхона тавонист, бо ҷалби 53 миллион доллар ҳаҷми захираҳоро ба 64 тонна расонад. Захирае, ки айни замон аз ҷониби ширкат муайян шудааст, ниҳоӣ нест ва метавонад то сад тонна тило бирасад”.

Аз ин ҷост, ки мақомоти тоҷик изҳори умед кардаанд, ки ширкати мазкур дар ҳаҷми харҷи кардааш аз ин конҳо тилло мегирад ва боқиашро ба соҳибони кон мемонад. Аммо Чжан Син, раҳбари ин ширкат дар мусоҳиба бо сайти stcn.com гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон розӣ шуд, агар даромад аз конҳои додашуда хароҷоти ширкатро бароварда накунад, шароити баҳрабардорӣ аз конҳои дигари тиллоро фароҳам кунад.

Ин гуфтаи роҳбари ширкати ТВЕА ба ин маъно аст, ки онҳо на танҳо захоири ин ду конро мегиранд, ҳамчунин қасд доранд, ки кони саввум ва ё конҳои дигареро ҳам барои пӯшонидани харҷи худ аз давлати Тоҷикистон бигиранд, чун дар қарордод ҳамин гуна нишон дода шудааст. Аз онҷо ки қарордҳои Тоҷикистон ва Чин пӯшида ва дар дастраси ҷомеаи кишвар гузошта намешавад, ҳоло наметавонем қазоват кунем, ки кадоме аз ҷонибҳо дуруст мегӯянд:-масъулони Тоҷикистон, ки иддао доранд ҳаҷми изофии захоири ин кони тиллоро хоҳанд гирифт ва ё роҳбари ширкати чинӣ, ки иддао мекунад агар харҷашон бароварда нашуд, боз кони дигареро хоҳанд гирифт.

Аммо ҷалби машкуки сармояи Чин ба арсаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ва вогузории сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон бар ивази ин пулҳо танҳо бо ин ду кони воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба анҷом намерасад. Парлумони Тоҷикистон дар октябри соли 2019 созишномаи дар ихтиёри ширкати “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед”-Чин вогузор кардани кони нуқраи Якҷилва дар Мурғоби ВМКБ таъйид кард.

Гуфта шуд, ки ин ширкат 39,6 миллион доллар барои истихроҷи нуқраи ин кон тахсис додааст. Вале мақомот маълумот дар бораи ҷузъиёти қарордод бо ин ширкати чиниро, ки ин ширкат дар натиҷаи музояда ё тендер иҷозаи баҳрабардорӣ аз ин конро ба даст овардааст ва ё худи мақомот баргузидаанд, ҳиссаи даромади тарафҳо чанддарсадӣ аст, шумораи кормандони маҳаллӣ дар он чи қадар хоҳад будро ошкор накардаанд.

Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин кон барои 7 сол ба иҷора дода шудааст ва тӯли ин муддат ин ширкат аз пардохти молиёт ва аворизи гумрукӣ озод аст.

Номафҳумӣ ва норӯшаниҳои муомила бар сари кони нуқраи “Якҷилва”аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ он замон бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуд ва ҳукумати Вилояти Худмухтори Бадахшон ногузир шуд фардои нашри ин хабар баёния пахш кунад. Аммо ин баёния аз ончи маълумоте, ки дар парлумони Тоҷикистон садо додааст, тафовут дорад. Дар баёнияи мақомоти ВМКБ гуфта мешавад, ки “Кони Якҷилва ба муҳлати 20 сол (на 7 сол) барои истифода ба шарикони чинӣ дода шуд ва дар сурати розигии тарафҳо шартнома боз идома хоҳад ёфт”.

Дар ҳоле, ки дар парлумон ҳаҷми захираи ин кон 113 тонна нуқра гуфта мешавад, дар баёнияи ҳукумати ин вилоят бошад ин рақам 415 тонна зикр шудааст шудааст. Мусалламан рақамҳои 7 то 20 ва 113 то 415 фарқияти азим доранд. Ва ҷудо аз ин тафовут ба эҳтимоли зиёд муҷиби нопадид ва номаълум боқӣ мондани даҳҳо ва шоядам садҳо миллион доллар хоҳанд шуд.

Вале савол ва шубҳаи дигар ин аст, ки ин даромадҳои ҳангуфти номаълум ба куҷо ва барои кӣ меравад ва беш аз ин, ин гуна асноди носаҳеҳ чи тавр ҳамкориҳои иқтисодии ду давлатро қонунӣ ва танзим месозад. Худи ҳамин ширкати ТВЕА ба ҳангоми ироаи муҳосибаи хароҷоти бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ночор мешавад, ки 44 миллион доллари ҳаҷми корро кам кунад.

Ин ҳам баъд аз онки муҳосиботи онро ду маротиба ҷониби Тоҷикистон ба далели гаронӣ бармегардонад. Як нафар аз ширкатдорони таҳияи ин тарҳ ба шарти ифшо накардани номаш он замон ба “Радиои Озодӣ” гуфтааст, ки “ду маротиба тарҳи мазкур ба паймонкор (яъне ТВЕА баргардонида шуд ва харҷи он ҳудуди 44 миллион коҳиш ёфт. Ба ҷуз аз Маркази барқу гармидеҳӣ ин ширкат бунёди 2 мактаб, ду зеристгоҳи 220кВт-ро навсозӣ ва 120 мошини боркаш харид.”

Феълан Чин сармоягузор ва қарздиҳандаи №1-и Тоҷикистон шудааст ва бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши ҳаҷми қарзу сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ва ғайри қобили пардохт шудани онҳо коршиносон баъид намедонанд, ки дар оянда мақомоти тоҷик ногузир хоҳад шуд,ӣбо сарватҳои зеризаминӣ ва ҳатто қаламрав пардохт кунад. Онгуна, ки Шри-Ланка дар соли 2017 ноилоҷ монд ва як бандари муҳими обии худро ба Чин дод.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисодӣ ва ходими Институти иқтисодиёт ва демографияи Тоҷикистон низ дар як мусоҳиба бо нашрияи “Независимая газета”-и чопи Маскав дар октябри соли гузашта таҳаққуқи чунин пешомадро истисно надонистааст:

“Чин даъвои худ бар сари қаламрави Помир, ки аз канданиҳои фоиданоке чун, уран  тилло, нуқра, боксит, асбест ва сангҳои қиматбаҳо бой аст, қатъ накардааст. Ҳисобӣ кардани сармояи Чин бо замин ва қаламравро наметавон истисно кард. Барои ин метавонанд қаламравро бидуни мӯҳлат ва ҳатто хати марзро тағйир надода вогузор кунанд”.

Бархе дигар аз коршиносон мӯътақиданд,ки зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон дар мӯҳлате,ки барои бозгардони маблағ ва ё сармояи Чин пешбинӣ шудааст, тағйири чашмгир нахоҳад кард.Аз ин рӯ ин сармоя ба наҳви худ як навъ“экспансияи қарзии Чин”  талаққӣ мешавад.

Аммо саволи асосӣ ин ҷо аст ки чаро қарордоҳои Тоҷикистон бо Чин, аз ҷумла бар сари ҳамин конҳои тиллои “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло” машкук ва номафҳум аст? Вачаро ҳукумати Тоҷикистон ба ин ҳад арзону осон конҳои бо захоири дубаробариро ба ин роҳатӣ ба ихтиёри Чин вогузор кардааст?

Тибқи иттиллои манобеи наздик ба мақомоти амниятии Тоҷикистон, ки имконияти санҷиданашон мушкил аст, дар паси ҳар яке аз ин қарордодҳо манофеи шахси раиси ҷумҳурӣ ва аъзои оилаи вай низ ба назар гирифта шудааст. Яъне як ҳиссаи аз пули ин қарордодҳоро на ба суроғаи аслӣ, балки ба тиҷорату сарватҳои оилаи ӯ дар худи Чин масраф мекардаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар ҷазираи сайёҳатии Ҳайнани Чин Раҳмон ва оилаи вай дар масоҳати 300 гектор заминро бо таъсисоти туристӣ, аз қабили меҳмонхонаву ресторану дигар маконҳои тамошоӣ ба қиммати 960 миллион доллар харидорӣ кардаанд ва инчунин як комбинати текстилии тавлиди атласи тоҷикӣ бо абрешими Тоҷикистон низ дар ин кишвар фаъолият мекунад, ки молики он яке аз фарзандони Эмомалӣ Раҳмон будааст.

Барои ҳамин ҳоло Чин на танҳо дастрасии осон ва арзон ба захоири маъодини Тоҷикистон дорад, ҳамчунин ин даъворо ҳам пеш гузоштааст, ки қаламрави Тоҷикистон аз они ӯст.

Бо ин ҳама бар изофаи ин ду кон ҳамчунин кони тиллои “Покруд” дар Ромит ва кони тиллои Зарафшон дар Панҷакентро ҳам чиниҳо аз они худ кардаанд.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.