8.9 C
Dushanbe

ТОШКЕНТ. БАРОИ РУШДИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ШАРОИТ ФАРОҲАМ АСТ

Дар назди Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Шурои адабиёти тоҷик таъсис ёфт.

– Аз номи раиси Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид бо таъсиси Шурои адабиёти тоҷик, ки метавон онро ҳодисаи муҳими фарҳангӣ арзёбӣ намуд, аҳли адабу фарҳанги тоҷики кишварамро табрику шодбош мегӯям. Ибрози умедворӣ мекунам, ки аъзои ин Шурои навтаъсис дар баробари таъмини рушди адабиёти тоҷик дар мамлакат, ҳамзамон, ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои адабиву фарҳангии миёни ду кишвари дӯсту бародар – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳми бузурги худро мегузоранд, – гуфт мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии адабӣ ва тарҷумаи бадеии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Рустам Мусурмон.

Вай афзуд, ки ба шарофати беҳбуди робитаҳои миёни ду кишвар, ки натиҷаи иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, дар соҳаи адабу фарҳанг низ ҳамкориҳо беш аз пеш тавсеа меёбанд. Ба гуфтаи ӯ чанд нафар адибони тоҷики муқими Ӯзбекистон ба узвияти Иттифоқи нависандагони ду кишвар пазируфта шудаанд ва чанде аз онҳо ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ низ мушарраф шудаанд.

– Узви Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон, шоир ва тарҷумон Одил Икром сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ин ҷоизаро ба вай Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон супурд, ки дар таърихи се даҳсолаи охир беназир мебошад. Одил Икром «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин, антологияи «Шеъри муосири тоҷик» ва осори як идда намояндагони бузурги адабиёти форсу тоҷик, мисли Муҳаммад Иқбол ва Фурӯғи Фаррухзодро хеле равон ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст, – зикр намуд Рустам Мусурмон.

– Дар солҳои охир чопу интишори як қатор маҷмуаҳои дастаҷамъиву китобҳои алоҳидаи насриву назмӣ, ки ба қалами адибони тоҷики муқими Ӯзбекистон тааллуқ доранд, боиси ифтихор мебошад. Гузашта аз ин, дар шаҳри Самарқанд шуъбаи вилоятии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон таъсис ёфт ва як сол қабл маҷаллаи адабии “Дурдонаҳои Шарқ” арзи вуҷуд намуд, ки дар саҳифаҳои он ғайр аз осори адибони худамон, интишори осори як зумра адибони Тоҷикистон ва ҷаҳон низ ба роҳ монда шудааст, – гуфт раиси Шурои адабиёти тоҷики Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон Хусрави Саъдулло.

Вай афзуд, ки соли сипаришуда дар ҳаёти адабиву фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон соли бобарору хотирмон буд. Шоир Паймон се китоб ва Юнуси Имомназар ду китоби худро мунташир ва ба ҳаводорони назму насри форсии тоҷикӣ тақдим намуданд.

Ба гуфтаи узви Шурои адабиёти тоҷик Муҳаммадҷони Шодӣ минбаъд ба он бояд ноил шуд, ки китобҳои бадеӣ бидуни тавсияи ин Шуро интишор наёбанд. Зеро дар ду даҳсолаи охир китобҳои зиёд дар нашриётҳои гуногун ба табъ расидаанд, ки аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа хеле заиф мебошанд. Барои ҳамин таъсиси Шурои адабиёти тоҷикро фоли нек арзёбӣ мекунам ва он ҳатман барои ба тартиб даровардани ин ҷанбаи кор низ хеле мусоидат хоҳад кард, – илова намуд Муҳаммадҷони Шодӣ.

Дар ин ҷаласа боз гуфта шуд, ки бояд марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон ва шаҳру вилоятҳои он бо Шурои адабиёти тоҷики Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон ҷиҳати ба роҳ мондани мулоқотҳои адибон дар минтақаҳои гуногун, роҳандозии мушоираҳо ва кашфи адибони ҷавон аз наздик ҳамкорӣ намоянд.

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент

Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИИ МУАЛЛИФ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро кард

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон пурра иҷро шудааст.

Эълони ҳукми ронандаи тоҷике, ки бо автобус ба об сарозер шуд

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербурги Русия 25-уми моҳи ҷорӣ ҳукми ронанди автобус Раҳматшоҳ Қурбоновро эълон кард.

Афзоиши дархости паноҳандагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Латвия

Мақомоти Латвия мегӯянд, онҳое, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун аз ин кишвари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд, аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Номаи як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба СММ

Як мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмон бо навиштани номае ба Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои Туркия ва Тоҷикистон шикоят кардааст.