24.9 C
Dushanbe

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод. Шаҳло Назароваи 45-сола ва ду духтару як писари ноболиғаш бераҳмона кушта шуданд.

Аммо ҷасадҳо баъди ду рӯз пайдо шуданд. Он ҳам баъд аз оне, ки падари хонадон Ҳалим Иброҳимов, ки дар Русия қарор дошт ва натавонист бо аҳли хонадводааш тамос бигирад, аз ҳамсояҳош хост, ки хонаашро хабар гиранд ва бифаҳманд, ки чаро ба зангҳои ӯ касе ҷавоб намедиҳад.

Ҳамсояҳо аввал ҷасади писари 12-соларо диданд ва раиси ҷамоату пулисро даъват кардаанд, баъд ҷасади модар ва духтарон низ ёфт шуд.

Танҳо пас чанд рӯзи ин ҳодиса, яъне 13-уми сентябр Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти Сайфулло Азимови 32-сола, ҳамсояи оила, ки қаблан дар Русия бо ҷурми дуздӣ зиндонӣ шуда будаасту дар Тоҷикистон аз банк қарздор ва Нуъмон Саидови 16-сола, бародари ҳамсари додари Сайфулло, хабар дод.

Аммо ду манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, шумораи боздоштшудагон чор нафар аст ва яке аз онҳо ҳангоми кӯшиши фирор дар марзи Узбекистон дастгир шудааст. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, ҳатто ҳамсари Сайфулло бо иттиҳоми пинҳон кардани ҷиноят муваққатан боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол модари Нуъмон Саидов иттиҳом алайҳи писарашро рад мекунад ва мегӯяд, ӯ шаби куштор дар хона будааст ва худаш писарашро баъд аз даъвати мақомот ба ВКД бурдааст.

Дар робити ба ин қатли ваҳшиёна ҳамсояҳо ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки шаби ҳодиса Сайфулло Азимов бо як наврас аз девор гузашта, бо баҳонаи “фирор аз облава” ба хона даромадааст. Шаҳло Назарова онҳоро ба хона роҳ медиҳад, вале онҳо якбора ашёи хонаро чаппаву роста мекунанд.

Ва зан дар ин ҳолат мефаҳмад, ки онҳо пулҳоро мекобанд. Сайфулло аз тарси он ки Шаҳло ӯро шинохт ва ба мақомот хабар медиҳад, ба ӯ ҳамла мекунад. Ҳатто дар ин ҳолат Шаҳло Назарова гиря карда, аз Сайфулло хоҳиш мекунад, ки ҳамаи пулҳо ва чорвои оғилро гирифта барад, вале ба ӯ ва фарзандашон зарар нарасонад. Аммо ба гуфтаи ҳамсоя, Сайфулло ба бадани зан ду корд зада, ӯро ба даруни ҷуйбори ҳавлиаш мепартояд.

Пас аз ин қотилон духтари 17-солаи занро, ки бо хоҳараш телевизор тамошо доштааст, фиреб медиҳанд, ки модарат фарёд дорад ва ӯ вақте аз хона мебарояд бо рӯймолаш даҳонашро мебанданд ва ба хонаи дигарӣ дароварда бо корд мезананд. Баъд духтари дуввумии занро, ки 15 сол дошт аз хона даъват карда мегӯянд, “модарат туро ба ошхона даъват дорад”. Баъди ба ошхона рафтан аввал ин духтарро таҷовуз карда, 15 корд мезананд ва ба даруни оташдон (танур) партофта, оташ мезананд. Инчунин ба сари писари 12-солаи зан халтаи полиэтиленӣ печонда, ӯро нафасгир мекунанд ва аз болояш кӯрпа мепартоянд.

Қотилон тақрибан 23 ҳазор сомонӣ пули фурӯши гов ва маблағи фиристодаи шавҳари Шаҳло Назароваро мегиранду барқи хонаро пурра хомӯш ва ҳавлиро тоза карда мебароянд мераванд.

Ҳалим Иброҳимов, ҳамсари Шаҳло Назарова, ки пас аз ҳодиса аз Русия ба Тоҷикистон баргашт, дар суҳбат бо Asia-Plus гуфта, ки ҳамсараш бо 17 зарби корд, духтаронаш бо корду болға ва писараш бо зарби болға ва буғӣ кардан кушта шудаанд.

Ба гуфтаи Иброҳимов бо хоҳиши ӯ ҳамсоязан бо додари Сайфулло, ки ҳоло гумонбар аст, ба хонаи онҳо рафта мебинанд, ки дари хона мехкӯб аст ва барқро рӯшан карда, мехҳои дарро мекананд ва вориди хона мешаваду миёни кӯрпаҳо Шарафи 12-соларо бо даҳону бинии баста бо “скотч” мебинанд.

Инчунин ба нақли ин падар, духтари калониаш Ҳабибаи 16-соларо низ аввал бо болға, баъд бо корд зада, ҷасадашро дар рӯйи ҳавлӣ, дар ҷӯй мепартоянд ва бо алафҳои аз полез канда, пинҳон мекунанд ва ҳамсараш Шаҳло Назарова, каме болотар аз духтари калонӣ бо захми 17 корд ёфт мешавад. Ҳамидаи 14-соларо низ онҳо дар анбор бо корду болға зада, мекушанд ва ҷасадашро ба танӯр партофта, рӯяш хасу хошок рехта, ошат задани мешаванд, аммо оташ аланга намегирад.

Ҳалим Иброҳимов низ бар ин назар аст, ки ду нафар анҷом надодаанд ва ин ҷиноят бо нақшаи пешакӣ ва бо мақсади ғорат содир шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз зери нохуни ҳамсараш порае аз пӯсти Сайфулло ёфт шудааст, ки як далели муҳим алайҳи ҳамсоя мебошад. Иброҳимов ҳамчунин гуфт, ки қотилон “ҷойи пул”-ро хуб медонистанд, зеро Сайфулло як хона болотар аз онҳо мезист ва оилаашон бо оилаи онҳо равуо доштааст ва аз ҷамъ намудани пулу сохтмони хонаи нав огоҳ будааст. Ҳатто Сайфулло дар маросими ҷанозаи кушта шудаҳо дар Файзобод иштирок кардааст.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти боздошт ва чӣ гуна пайдо намудани гумонбаронро шарҳ надодааст, аммо дар ин бораи ду фарзия вуҷуд дорад. Аз ҷумла, фарзияи аввал ин аст, ки баъди ин ҳодиса мақомот ҳамаи мардони аз 15-сола болои деҳаро бурда, аз онҳо ташхиси нутфа гирифтаанд. Чун яке аз духтарони кушташуда таҷовуз шуда буд ва аз рӯи ташхиси нутфа гумонбарро ёфтаанд. Фарзияи дуввум ин аст, ки дар вақти кашокаш зани кушташуда бадан ё рӯйи яке аз гумонбаронро мехарошад ва як пора пӯсти ӯ дар зери нохуни зан мемонад. Аз рӯи ташхиси зери ангушт гумонбарро пайдо кардаанд.

Ҳамсояҳо ва Ҳалим Иброҳимов, падари оила низ аз пайдо шудани пораи пуст аз зери нохуни Шаҳло Назарова гуфтаанд. Вале бо вуҷуди надидани ҷасади зану фарзандҳояш Иброҳимов таҷовуз шудани духтарҳояшро рад кардааст.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, хонаводаи Шаҳло Назарова аввали соли 2000-ум аз ноҳияи Файзобод ба деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ кӯчида буданд. Ҳалим Иброҳимов қаблан дар нерӯгоҳи “Роғун” кор мекардааст ва баъдан ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтааст. Худи зан хонашин буда, чорводорӣ мекард ва шир мефурӯхтааст. Баъди ин ҳодиса аксари ҳамсояҳо аз тарсу ҳарос аз деҳа рафтаанд, бахусус онҳое, ки шавҳаронашон дар Русия аст. Бо вуҷуди пайдо шудани гумонбарон бархе аз онҳо то ҳол ба хонаҳояшон барнагаштаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси порлумони Қирғизистон

Гурӯҳе аз намояндагони парлумони Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда, бо намояндагони парлумони кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.