-8.1 C
Dushanbe

Ҷузъиёти тоза аз ҳодисаи куштори мовини Ҳасан Асадуллозода

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” нақшаи ҳамкори ӯ Қамаруззамон Азизов буда, ки ба хотири пардохт накардани пул ба Шуҳрат ӯро аз байн бурдааст.

Ба гузориши “Asia-Plus”, Шермуҳаммади Шоҳиён, имрӯз 15-уми феврал дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки моҳи январи соли 2022 Шуҳрат Исматуллоев мувофиқи шартномаи пешакӣ бо Қамаруззамон Азизов, ки дар сохтани биноҳои баландошёна якҷо кор мекардаанд, 70 дарсади сармояи оинномавии ширкати ҶДММ “Иқбол 2017”-ро соҳиб шудааст.

Ба гуфтаи Шоҳиён, баъди анҷоми сохтмони бино ва ба фурӯш гузоштани мағозаву манзилҳои истиқоматӣ 54 млн сомонӣ бояд ба Шуҳрат Исматуллоев дода мешуд.

“Азизов аз бастани чунин шартнома ва дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор гирифтанаш норозӣ гардида, барои минбаъд иҷро накардани уҳдадориҳои шартномавӣ қасди одамрабоӣ, роҳзанӣ ва куштори Шуҳрат Исматулооевро ба нақша мегирад”, – гуфт раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Шоҳиён ҳамчунин дар идома афзуда, ки Қамаруззамон Азизов дар як мулоқот ба Дилшод Саидмурод (маъруф ба Дилшоди СБ) маълумот медиҳад, ки “гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад”.

“Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷоният Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад”, – гуфт Шоҳиён.

Ӯ афзуд, “ба таклиф Дилшод Саидмурод ҳамчун зархарид розӣ шуда, гурӯҳи муташаккили устувор ва муттаҳидро ташкил дода, ба он Ашӯров Рустам, Хӯҷаев Шоҳрух, Сафаров Бахтовар, Тоштемуров, Бойтуров, Ҳамидовро ҳамчун иҷрокунандаҳои бевосита ва Ахмедов Акбарро ҳамчун ёрдамчӣ ҷалб мекунад”.

Ба нақли раиси Додгоҳи олӣ, Дилшод Саидмурод аз моҳи декабри соли 2021 барои нобуд кардани Исматуллоев омодагӣ дида ва барои он 50 ҳазор доллар пешпардохт гиирфтааст. Ҳама асбобу олоти заруриро аз Русия бо маблағи беш аз 18 ҳазор доллар харидорӣ карда, вориди Тоҷикистон кардааст.

Раиси Суди олӣ афзуд, шаби 23-юми июни соли 2023 бошад, соати 20:05 дақиқа дар кӯчаи Ғуломии шаҳри Душанбе Саидмуродов бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоевро зӯран ба автомашина савор намуда, ба деҳаи Шодоб 1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб мебаранд.

“Баъд аз ин, либосҳояшро кашида, ба курсии қаблан тайёрнамуда шинонида, ба дасту пои Исматуллоев завлона мезананд. Сипас, бо шиканҷа додан рамзҳои махсуси ҳамёнҳои криптовалюта доштаи телефони бонкдори тоҷикро гирифта, тафтиш мекунанд, аммо дар он маблағ пайдо намекунанд. Аз ин рӯ, такрор ба такрор барои муайян кардани ҳамёнҳои дигар ва маблағи нақдиаш, бо истифода аз лазер ва автофен бадани бонкдорро сӯзонида, бо қувваи барқи электрошоккер ӯро шиканҷа мекунанд”, – гуфт Шоҳиён.

Ӯ таъкид кард, ки пас аз пайдо накардани маблағ, бо супориши Қамаруззамон Азизов ин гурӯҳ узвҳои ҳаётан муҳими Шуҳрат Исматуллоевро сӯзонида, ӯро ба қатл мерасонанд. Рустам Ашӯров, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хоҷаев ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро ба бағоҷи мошин бор карда, онро дар киллиметри 118-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ба дарё мепартоянд.

Раиси Додгоҳи олии кишвар илова кард, ки баъди иҷро шудани нақша, Дилшод Саидмурод ба Рустам Ашуров, Бахтовар Сафаров ва Хӯҷаев 1 ҳазору 500 доллар ва ба Ахмедов 1 ҳазору 100 доллар, ки аз ҷайби Исматуллоев гирифта буданд, дода, супориш медиҳад, ки марзи Тоҷикистонро тарк намоянд ва ӯ баъдан ба онҳо тамос гиирфта, ҳиссаи ваъдакардаашро медиҳад.

Аммо Рустам Ашуров 30-юми июни соли 2023, ҳангоме ки дар фурӯдгоҳи Кишинёви Молдова ӯро ворид шудан намонданд, ду корманди амниятиро кушт ва дар натиҷа худи ӯ низ бо ҷароҳати вазнин дар яке аз бемористонҳои ин кишвар ҷон бохт.

Дар гузашта низ Додситонии кулли кишвар гуфта буд, ки ин гурӯҳ ҷасади муовини аввали раиси “Ориёнбонк”-ро дар ноҳияи Варзоб ба об андохта буданд ва мақомот баъди ҷусҷӯҳои зиёде моҳи августи соли гузашта ҷасади ӯро аз соҳили рӯдхонае дар шаҳри Панҷакент, пайдо карданд.

Мақомот моҳи октябр аз боздошти Дилшод Саидмуродов дар Русия ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистон хабар дода буданд. Ба иттилои Шоҳиён, ҳоло нисбати Қамаруззамон Азизов, Дилшод Саидмурод, Акбар Ахмедов, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хӯҷаев бо моддаҳои 104 (одамкушӣ), 130 (одамрабоӣ) ва 249 (роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Аммо барои Очилдиев, Шарифзода, Мақсудов, Шарипов, Ашуров Рустам, Ахмедов Акбар, Тоштемуров, Бойтуров, Ҳамидов барои ҳамкорӣ бо гуруҳи муташаккили ҷиноӣ айбдор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев то замони боздошт ва рабуданаш зиёда аз 15 сол ҳамчун ёвари додаруси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода дар ҶСК “Ориёнбонк” кор мекард. Ӯ дар байни хеле аз муштариёни ҶСК “Ориёнбонк” ба бонкдори асосие, ки онро идора мекунад, низ шуҳрат дошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирон дар Русия

Аз оғози соли 2025 дар вилояти Волгогради Русия шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд дар чанд соҳа фаъолият кунанд.

Идомаи кушторҳо дар Конибодом

Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд боз 4 нафар аз аъзои ду оила кушта шудаанд.

Тоҷикистон мехоҳад сармоягузорони Иморотро ҷалб кунад

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузори худ гуфтугӯ карданд.

Ҳушдори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандаҳо тавсия додааст, ки аз сафар кардан ба манотиқи кӯҳистонии кишвар худдорӣ кунанд.