33.9 C
Dushanbe

Идомаи кушторҳо дар Конибодом

Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд боз 4 нафар аз аъзои ду оила кушта шудаанд.

Ин ҳодиса шаби 15-уми декабри соли ҷорӣ дар деҳаи Ҳисорак (собиқ Қурғанча), наздикии маркази шаҳри Конибодом рух додааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ду нафар аз кушташудаҳо, Ғайбулло Маҳмудови 35-сола ва ҳамсари 28-солааш Зарнигор буда, аз онҳо 3 фарзанд ятим мондааст. Манбаъ аз қурбониёни дигар Оиша Шокироваи 70-сола ва писараш Ҷавлон Шокирови 44-сола ном мебарад.

Ҷузъиёти ин кушторҳо то ҳол маълум нест ва мақомот ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Қатлҳои занҷираӣ дар шаҳри Конибодом аз моҳи марти соли ҷорӣ оғоз шуда, то имрӯз дар бораи ҳалокати аъзои ҳашт оила гузориш нашр шудааст. Пештар қатли як хонаводаи шашнафара дар деҳаи Шӯробқалъа шаби 8-уми декабр сурат гирифт.

Ангезаи ҷиноятҳо то ҳол номаълум боқӣ монда, баъзе наздикони кушташудаҳо бар ин боваранд, ки кушторҳо шояд бо дуздӣ рабт дошта бошад. Масалан, баъди яке аз ҳодисаҳо аз хонаи қурбониён пулу ҷавоҳирот гум шудааст.

Аммо мақомот мегӯянд, ки қисме аз ин кушторҳо бо муноқишаҳои хонаводагӣ рабт дошта, таҳқиқи боқимонда ҳанӯз идома дорад.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар пайи ин ҳодисаҳо қаблан ду нафарро, аз ҷумла Марат Сатторовро ба ҳабси абад ва Шарифҷон Ашӯровро ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.

Марат Сатторови 42-сола посбони мактаби деҳаи Санҷидзори Канибодом буда, ӯро муттаҳам дар қатли 6 нафар медонанд.

То ҳол ҳам тафтишот ва ҳам додгоҳ аз ҷузъиёти мурофиа ва ангезаи гумонбаре, ки гӯё даст ба қатли аъзои ду хонавода задааст, чизе нагуфтаанд. Назари маҳкумшуда, пайвандон ва вакили дифоаш низ дастрас нест.

Аммо сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла пайвандони қурбониён, ки дар мурофиа ширкат доштаанд, дар ягона ё қотили воқеӣ будани Сатторов шубҳа доранд. Чун айбдоршаванда дар додгоҳ суханони зиддунақиз гуфта, гоҳ ба куштор иқрор мешуд, гоҳ онро инкор мекард ва пас аз боздошти ӯ боз қатли як хонаводаи дигар сурат гирифт.

Хешовандони Ашӯрови 68-сола, ки ба куштани бародараш Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ, Иноят Урмонова гумонбар мебошад, мегӯянд, ки ӯ гунаҳкор нест.

Пас аз қатлҳои занҷираӣ вазъ дар Конибодом нигаронкунанда буда, сокинон аз мақомот талаб доранд, ки воқеиятҳоро рӯшан карда, ҳарчи зудтар сабабҳои ин фоҷиаҳоро ошкор намоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.