32.9 C
Dushanbe

Узви фаъоли “Гурӯҳи 24” бори сеюм аст, ки дастгир мешавад

Акс аз саҳифаи фейсбуки Шобудин Бадалов

Шобуддин Бадалов як фаъоли “Гуруҳи 24” дар Русия боздошт шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии “Гуруҳи 24” хабар медиҳад. Ба навиштаи ин сомона Шобуддинро рӯзи 1-уми сентябр соати 9-и субҳ кормандони пулис дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дар маҳалли зисташ дастгир кардаанд.

Масъулони “Гурӯҳи 24” мегӯянд, чанд нафар омада худро корманди шӯъбаи 5-уми Раёсати корҳои дохилӣ муаррифӣ намуда, Бадаловро бо мошин ба самти номаълум бурдаанд. Дар ҳоли ҳозир ҷойи боздошти ин фаъол маълум нест ва ба навиштаи сомонаи “Гурӯҳи 24” адвокатҳо дар ин самт кор карда истодаанд.

Пештар Шобуддин Бадалов бо Раҳматҷони Муҳаммад фаъоли дигари ин гурӯҳ баъд аз иштирок дар пикети эътирозӣ дар майдони Сурхи шаҳри Маскав боздошт шуда буданд. Онҳо бар зидди иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили 75-солагии Иди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ эътироз карда буданд. Додгоҳи Маскав ин фаъолони  “Гурӯҳи 24”-ро  ба 15 рӯзи ҳабс ва пардохти ҷарима дар ҳаҷми 15 ҳазор рубл маҳкум карда буд. Аммо пас аз адои ҳукм ва ба озодӣ баромадан худи ҳамон лаҳза дар назди дари маҳкама дигарбора онҳоро боздошт карданд ва боз ба 15 рӯзи дигар маҳкум шуданд.

“Гурӯҳи 24” соли 2012 дар Маскав аз ҷониби марҳум Умаралӣ Кувватов, ки 5-уми марти соли 2015 дар Истамбул кушта шуд, таъсис ёфтааст. Ин ҳаракати сиёсиро соли 2014 Додгоҳи олии Тоҷикистон бо як қарор мамнуъ ва экстремистӣ эълон кард. Раҳбарони “Гурӯҳи 24” ҳамагуна иттиҳомот алайҳашонро рад мекунанд ва қарори Додгоҳи олиро ғайриқонунӣ медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.