37.9 C
Dushanbe

Вафоти 8 зоири эронӣ ва як тоҷикистонӣ дар Арабистон

Дасти кам 8 нафар аз зоирони эронӣ ва як нафар ҳам аз зоирони тоҷикистонӣ, ки барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карда буданд, пеш аз оғози ин маросими динӣ вафот кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, 5 нафар аз ин зоирон дар Мадинаи Мунаварра ва 3 каси дигар дар Маккаи Мукаррама ҷони худро аз даст додаанд.

Аз як сӯ мақомоти эронӣ иллати марги ин афродро “бемориҳои қалбӣ” ва “бемориҳои шуш” унвон кардаанд. Аммо аз сӯи дигар, бархе корбарони эронӣ ҳам дар шабкаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки афроди фавтида, аксар пиронсол буда ва яке аз далелҳои аслии фавти онҳо низ тоб наовардан ба дамои аз ҳад зиёд гарми Арабистон ва ба машаққатҳои ин сафар будааст.

Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки як зоири тоҷикистонӣ аз ноҳияи Мастчоҳ бо номи Абдулло Шарифов 18-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Маккаи Мукаррама вафот карда, субҳи имрӯз ӯро дар ҳамин шаҳр ба хок супориданд.

Гуфта мешавад, имсол аз Ҷумҳурии исломии Эрон зиёда аз 87 ҳазору 500 нафар барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ озими Арабистони Саудӣ шудаанд. Тоҷикистонро ҳам имсол дар ин маросими динӣ ҳудуди 7 ҳазору 500 нафар намояндагӣ мекунад ва тамоми ин афрод касоне ҳастанд, ки синни онҳо аз 45-сола болост.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...