Дин

Вафоти як пирамарди тоҷик дар Арабистони Саудӣ

Падари журналист Миҷгона Ҳалимова, сокини шаҳри Ваҳдат зимни анҷоми маросими Ҳаҷи умра дар Арбистони Сауди вафот кардааст.

Ба дунболи расонаӣ шудани марги ин пирамади тоҷикистонӣ дар Арбаситони Саудӣ Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин низ ба Радиои Озодӣ 22-юми декабри соли 2022 гуфтааст, ки дар давоми 1-2 моҳи ахир 7 нафар аз сокинони кишвар дар роҳ ба Арабистони Саудӣ вафот кардаанд.

Ба гуфати сухангӯи Кумитаи дин, дар давоми як моҳи ахир ҳудуди ҳазор нафар аз сокинони кишварро, ки аз тариқи ширкатҳои сайёҳӣ дар Узбекистон ва ё Русия ба сафари Ҳаҷи умра мерафанд, бозпас гардонидаанд.

Ин иқдоми Кумитаи дини Тоҷикистон дубора мавҷи эътирозҳои сокинони кишварро дар робита ба инҳисорӣ кардани сафарҳои Ҳаҷи фарзӣ ва Ҳаҷи умра ба бор овардааст.

Тайи беш аз 14 соли ахир мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи танзим ва ба низом даровадани сафари зоирони Маккаву Мадина ин корро ба як "тиҷорати хусусӣ" табдил додаанд ва гаронтарин қиматро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия барои рафтан ба Ҳаҷи фарзӣ ва Ҳаҷи умра ба зоирон таҳмил кардаанд.

Пеш аз ин дар Тоҷикитсон маросими Ҳаҷи фарзиро Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ба танҳоӣ инҳисорӣ карда буд ва маросими Ҳаҷи умрарор ҳам ҳамчун як тиҷорати инҳисорӣ аввал ба ширкат "Расул-Сохтмон" ва дар солҳои ахир ширкати "Ормон"-ро дар ин тиҷорат  вогузор карда буданд, аммо акнун ба ҷои ширкати "Расул-Сохтмон" ширкати сайёҳии "Мунзал" ба ин тиҷорат ҳамроҳ кардаанд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Дин

Дин

Ифтор дар варзишгоҳи Челси

Дин

Табрикоти рамазонӣ

Дин

Қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи Рамазон

Дин

Эълони оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон