19.9 C
Dushanbe

Вакили дифоъ аз ҳимояи Бузургмеҳр Ёров даст кашид

Вакили дифои зиндонии сиёсӣ ва ҳомии ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёров, ки аз ҷониби давлат таъйин гардида буд, аз ҳимояи ӯ даст кашид. Дар ин бора Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” ба Azda.tv хабар дод.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, сабаби даст кашидани вакили дифои Бузургмеҳр Ёров аз ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ ва ё дар умум даст кашидани дигар ҳомиёни ҳуқуқ аз чунин парвандаҳои пурсарусадо нисбати маҳбусони сиёсӣ, ин ба хотири бехатарӣ ва ташвиш аз ояндаашон аст.

Чунки агар ин адвокатҳо аз ҷиҳати қонунӣ зерҳимояашонро ҳаматарафа ҳимоя кунанд ба рӯйхати сиёҳи Вазорати адлия дароварда мешаванд ва гузаштани “переаттестация” барояшон мушкил мешавад.” – мегӯяд раиси Бунёди “Бузургмеҳр”.

Дар идома Ҷамшед Ёров зикр кард, ки адвокатҳое, ки фаъолона аз маҳбусони сиёсӣ ҳимоя мекунанд, дар Тоҷикистон зери нишони мақомоти қудратӣ қарор гирифта, тафтиши амалҳояшон оғоз мегардад ва телефонҳояшон пинҳонӣ гуш карда мешавад ва ё аз кор ронда мешаванд, ё дар бадтарин сурат, мисли Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов равонаи зиндон мегарданд.

Ҷамшед Ёров мегӯяд, ки вақте пайвандонаш аз оғози парвандаи чорум нисбати Бузургмеҳр Ёров огоҳӣ ёфтанд, барои ёфтани вакили дифоъ талоши зиёде карданд, аммо ҳеч адвокат ва ташкилоте аз тарси фишори мақомоти Тоҷикистон омода набуд, ҳимояи ин маҳбуси сиёсиро бар уҳда гирад.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 ҳомии ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд. 

Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (парвандаи чорумро) бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм ва бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузарониданд. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз зиндон иттиҳомоти нави мақомотро сохта номид.  

Ин адвокати зиндонӣ дар номаи худ навишт, ки парвандаи нав бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шуда, даъвогар иддао кардааст, ки ин ҳомии ҳуқуқ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.

Дар номаи Бузургмеҳр Ёров аз тафтишот хоста шудааст, ки ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд. Аммо мақомот ин дархости Бузургмеҳр Ёровро ба инобат нагирифтанд. 

Гуфта мешавад, аллакай тафтишоти парвандаи нави Бузургмеҳр Ёров ба охир расида, он ба Додгоҳ фиристода шудааст.

Ҷамшед Ёров парвандаи нав нисбати бародарашро сиёсӣ номида гуфт, ки ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмонов ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳе дар Белгия монеи истирдоди зани тоҷик шуд

Як додгоҳ дар Белгия бо судури ҳукм нагузошт зани тоҷик ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Боздошти як гурӯҳе, ки аз муҳоҷирон бо зӯр пул меситониданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ хабар дод, ки дар Русия аз ҳамватанони муҳоҷир зӯран пул мегирифтаанд.

Мошинҳои ҷадиди бидуни ронандаи Илон Маск ба бозор мебароянд

Илон Маск, раҳбари корхонаи мошинсозии "Tesla" аз роботакси ҷадиди худ бо номи "Cybercab", ки бидуни ронанда аст, рӯнамоӣ кард.

Хонандагони ду мактаб бо табар занозанӣ карданд

Дар як занозанӣ байни хонандагони ду мактаб як донишомӯз захмӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод.