26.9 C
Dushanbe

Вакили турк: Ба Украина силоҳ медиҳему барои Ғазза дуо мекунем

Як намояндаи порлумони Туркия бо суханони тунде аз сиёсати дугонаи ҳукумати Анқара бо раҳбарии Раҷаб Тайиб Ардуғон нисбати Ғазза ва Украина интиқод кард.

Доктор Наҷмиддин Чолишкан (Doç. Dr. Necmettin ÇALIŞKAN), ки дар як ҷаласаи порлумонии ин кишвар суҳбат мекард, изҳор дошт, дар ҳоле, ки Туркия ба Украина ва Ҷумҳурии Озарбойҷон паҳподҳои ҷангӣ ва аслиҳа мефиристад, барои мардуми Ғазза, ки зери ҳамалоти ваҳшиёна қарор доранд, танҳо ба дуо басанда мекунад.

Ба гуфтаи вай, пилотҳое, ки минтақаҳои Фаластин ва Ғаззаро бомбаборон мекунанд, дар шаҳри Қунияи Туркия омӯзиш дидаанд. Ҳамзамон, сӯзишвории ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил аз бандари Искандарун, хӯроки сарбозони исроилӣ аз шаҳри Аланя ва оби нӯшокии онҳо аз Манавгат интиқол дода мешавад.

Ин вакил, ки аз ҳизби Саодати Туркия ва аз мухолифони Ардуғон аст, таъкид карда, ки мубодилаи тиҷоратии Анқара ва Тел-Авив идома дорад ва бахши асосии он фурӯши оҳан ва пӯлод мебошад. Вай меафзояд: «Гуфтан душвор аст, вале ҳатто силоҳҳое, ки дар дасти сарбозони исроилӣ ҳастанд, ба таври ғайримустақим аз Туркия ба Исроил ворид мешаванд.»

Ба гуфтаи ӯ, зоҳиран Туркия барои Ғазза танҳо ҳамдардӣ ва дуо пешниҳод мекунад, дар ҳоле ки амалан дар таъмини имкониятҳои ҷангии Исроил ҳам саҳм дорад. Ҳар чанд ин суханронии ӯ чанде пештар садо дода буд, аммо бо бадтар шудани вазъияти инсонӣ дар Навори Ғазза ин вакили турк ҳам дирӯз, дубора онро дар саҳфаи худ дар “Х” бознашр кардааст. Ва ба ин хотир, инак ин суханон ва мавқеъгириҳои Наҷмиддин Чолишкан бо вокунишҳои густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳити сиёсии Туркия рӯбарӯ шудаанд.

Ин эътирози вакили Турк дарҳоле садо медиҳад,ки беш аз 110 созмони имдодрасонӣ, аз ҷумла “Табибони бидуни марз” (MSF), “Наҷоти кӯдакон” (Save the Children), Oxfam ва дигар ниҳодҳои гуманитарӣ рӯзи 23 июл бо як нашри изҳороти муштарак ҳушдор доданд, ки Ғазза ба марҳилаи фоҷиабори гуруснагӣ ворид шудааст ва аҳолии осебпазир, бахусус кӯдакон, ба хатари марги дастаҷамъӣ рӯбарӯ шудаанд.

Дар изҳорот омадааст: «Ҳамкорони мо ва касоне, ки ба онҳо хидмат мекунем, дар ҳоли марг ҳастанд. Мо ба таври рӯшан мебинем, ки қаҳтӣ густариш меёбад». Ба гуфтаи ин созмонҳо, камбуди ғизо, оби ошомиданӣ, дору ва дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ, ҷони ҳазорҳо нафарро таҳдид мекунад.

Созмонҳо хостори таъсиси фаврии як каридори гуманитарӣ шудаанд, то кӯмакҳои башардӯстона ба таври амн ва босуръат ба мардуми Ғазза расонида шаванд. Онҳо таъкид карданд, ки ҷилавгирӣ аз вуруди кӯмак ҳамчун як шакли ҷангӣ алайҳи шаҳрвандоним мулкӣ метавонад ҳамчун ҷинояти ҷангӣ арзёбӣ шавад.

Ҳамзамон беш аз 30 кишвари дигар, аз ҷумла Бритонияи Кабир, Ҷопон ва Фаронса ва ғайра низ бо нашри як изҳороти расмӣ аз мақомоти исроилӣ хостаанд, ки роҳи вуруди кумакҳои инсонӣ, аз ҷумла маводи хӯрока ва дорувориро бидуни қайду шарт ба Навори Ғазза боз кунад, аммо Тел-авив ба ин ҳама дархостҳо то ҳол посухи мусбат надодааст.

Гуфтанист, тибқи гузоришҳои расмӣ соли 2024 Туркия ба ҳайси яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Исроил боқӣ монд ва тибқи маълумоти СММ ва мақомоти гумрукии Исроил, ҳаҷми содироти он ба Исроил ба 2,87 миллиард доллари ИМА расид. Бо вуҷуди танишҳои сиёсӣ ва қатъи расмии тиҷорат дар моҳи майи соли гузашта, Туркия дар ҷойи панҷуми таъминкунандагони асосии Исроил қарор гирифт, ки асосан аз ҳисоби содироти маводи сохтмонӣ ва саноатӣ таъмин шудааст.

Инчунин, танҳо дар чор моҳи аввали соли 2024 ҳаҷми содироти Туркия ба Исроил аз 1,42 миллиард доллар зиёд шуд, ки ҳиссаи моҳонааш миёни 300 то 400 миллион доллар буд. Ин равобити тиҷоратӣ асосан бар маводи зарурии сохтмонӣ — аз ҷумла семент, гипс, оҳан ва пӯлод — асос ёфтааст. Туркия 50% талаботи Исроил ба семент ва 20% воридоти он ба пӯлод ва оҳанро таъмин мекунад. Молҳои муҳими дигар — пластик, воситаҳои нақлиётӣ ва таҷҳизоти механикӣ мебошанд.

Тибқи гузоришҳои таҳқиқотӣ, ҳатто пас аз эълони расмии манъи содирот, интиқоли нафт аз бандарҳои Туркия ба Исроил идома дошт. Ҳадди аққал ҳашт киштӣ бо нафти хом баъди манъи содирот ба Исроил расиданд. Ғайр аз ин, Туркия тавассути интиқоли нафт аз қубури Боку-Тифлис-Ҷейҳон ҳамоно фоида мегирад, ки нишон медиҳад робитаҳои иқтисодӣ байни Туркия ва Исроил, новобаста аз мавқеъҳои расмӣ, идома доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Тоҷикистон суръати интернет боло ва нархаш пойин шудааст?

Ба иддаои мақомоти Тоҷикистон суръати интернет дар кишвар боло...

Як зодаи Тоҷикитсон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ 5,5 сол зиндонӣ шуд

Як марди 31-солаи тоҷик рӯзи душанбе аз ҷониби додгоҳи...

Содироти моҳӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Расонаҳо аз вуруди нахустин маҳмулаи содироти моҳии Афғонистон ба...

Мансабдори давлатӣ ба гирифтани 4,3 миллион сомонӣ муттаҳам шуд

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон...