13.9 C
Dushanbe

“ВАТАНДОРОН”- и ватанфурӯш

Чуноне медонед, сарҳад ин як порчаи асосии сарзамини Ватан ва иззату шарафи ҳар шаҳрванди баномуси он ба шумор меравад. Хушбахтона, аксари ҳамвататони мо аз сифати болои ватандорӣ бархурдоранд ва омодаанд барои якпорчагии Ватан ҳама фидокориҳоро анҷом диҳанд. Вале мутаассифона, аз сиёсатҳои хиёнаткоронаи Раҳмонуф ва мансабдоронаш ба ин ҳолати бечорагӣ гирифтор шудаанд.

Ҳукумати бо кудато сари қудрат омадаи Раҳмонуф бошад, сӣ сол мешавад нисбати ҳаёти шаҳрвандонаш бетафовут буда, мусибатҳои зиёдеро ба дӯши милати мазлум бор кардааст. Раиси Ҷумҳур бо вазиронаш то ба ҳол худро ҷузъи силоҳбадастони собиқ ҳисоб намуда, бо шаҳрвандон мисли гаравгон, бо марзу буми Ватан мисли бегонагон муомила менамоянд.

Нафарони озодандешро қатлу зиндон ва порчае аз хоки Ватанро чун моли «ғанимат» ба «ҳамсоягони» манфиатхоҳаш «ҳадя» менамоянд, ба маргу мири шаҳрвандони Ватан, ягон маротиба изҳори тасаллӣ накардааст. Дар низоъҳои марзӣ он қадар бесалоҳиятанд, ки гӯё мардуми зарардида ва хоки ғасбшуда, барои қурбонӣ дар ивази молу мулки қочоқии онҳо бошанд.

Ҳукумати нави Қирғиситон, аз беиродагии мансабдорони мо истифода намуда, бо ҳамлаҳои пайдарпай дар қатли нафарони бегуноҳ ва забти масоҳатҳои баҳсӣ саҳми худро зиёдтар менамояд. Вазифадорони пешин дар ҳукумати Қирғизистон кӯшиш мекарданд низоъҳоро дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл намоянд. Локин бо омадани Ташиеви «боксчӣ» ба мансаби вазири амнияти қирғизҳо вазъият тамоман дигар шудааст. «Боксчӣ»-и пагондор ҳар низоъи марзиро чун майдони бокс менигарад ва мехоҳад доим ғолиб барояд ва кушта шудани чанд шаҳрванди бугуноҳ барояш эътиборе надорад. Ташиев раиси яке аз ҳизбҳои сиёсии буда, мехоҳад аз ин низоъҳо холҳои сиёсӣ гирифта, дар оянда Президенти Қирғизистон шавад.

Аз тарафи Тоҷикистон бошад, нафаре музокираҳои байнисарҳадиро роҳбарӣ мекунад, ки «шери хона» ва дар асл «шағоли майдон» ба ҳисоб меравад ва дар муқобили вазири «боксчӣ»-и қирқизҳо чун рубоҳ, ба ҳама шартҳои онҳо ризогӣ медиҳад. Ятимов ҳам мехоҳад дар Тоҷикистон нафари аввал бошад ва қариб, ки муваффақ ҳам шудааст. Локин мисли Ташиев аз ғалабаҳо нею аз шикастҳо ва марги сокинони маҳаллӣ «дараҷа» гирифтанm аст, чунки табиати шағолиро доро аст ва дар тӯли мансабдориаш ғайр аз хиёнату фасодкорӣ ва зиндонӣ кардани ҷавонмардони миллат дигар «дастоварде» надорад ва табиист, ки аз чунин вазири хоинтабиат барои Ватану Миллат  некие намерасад.

Таърих гувоҳ аст, ки бисёре аз ғолибони майдонҳои ҷангӣ, саҳмҳои бадастовардаи худро дар раванди гуфтугӯҳо ё ба ибораи дигар, дар набарди болои мизҳо, аз даст додаанд. Наздиктарин хотирот барои тақвияи ин гуфтаҳо низоъи наздисарҳадии моҳи апрели соли 2021 мебошад. Бо шуҷоату мардонагии сокинони маҳалӣ ва сарҳадбонони далер қувваҳои мусаллаҳи ҳуҷумкунанда аз хоки Ватан берун ва нуқтаҳои стратегӣ ба даст оварда шуд. Локин Ятимови шағолтабиат ба Миллату Ватан хиёнат намуда, дар мизи ҷанг ҳама дастовардҳои ҷавонмардонро номардона ба тарафи муқобил супорид. Хиёнати Ятимов сабаб шуд, ки Ташиев шуҷоат пайдо кунаду бори дигар бо қувваи зиёдтаре ба Ватани мо лашкар кашида, сабаби кушта шудани шаҳрвандони осоишта ва хароб шудани манзили сокинони маҳаллӣ гардад.

Сокинони назди марзӣ аз ҳолати сарҳад ва омодагии ҳарбии қирғизҳо хушбин нестанд ва касе гуфта наметавонад, ки ҳуҷуми навбатии Ташиев кай сурат мегирад. Барои минтақаҳои баҳсӣ он тараф истад, аз хонаҳои истиқоматиашон, ки дар замини аҷдодиашон бунёд кардаанд, хавотир шудаанд. Чунки онҳо вазифаи шаҳрвандиашонро адо карда, хоки Ватанро ҳифз менамоянд, аммо Ятимов бо лашкариёнаш ҷавонони боғайратро таҳдид менамоянд ва баъзеашонро душман эълон намуда, ба ҳабс мегиранд. Инчунин бо қирғизҳои пагондор ҳамкори намуда, муҳофизони Ватанро ба онҳо таслим менамоянд.

Парлумони Қирғисистон бошад, дар мавриди силоҳ додан ба сокинони наздимарзӣ лоиҳа омода карда, ба бошандагони маҳаллаҳои назди сарҳадӣ имтиёзҳо медиҳад. То ин ки шаҳрвандонашон минтақаҳои баҳсиро тарк накунанд ва мансабдорон дар музокирот ва масъалаҳои марзӣ аз онҳо истифода карда тавонанд.

Яке аз шикастҳои дигари ҳукумати Раҳмонуф ин мағлубият дар фазои итилоотӣ мебошад ва дар замони ҷаҳонишавӣ ҳар давлате аз ин восита беҳтар истифода намояд, агар золим ҳам бошад худашро мазлум намоиш дода метавонад. Ятимов дар низоъҳои сарҳадӣ хомӯширо пеша намуда, ба шаҳрвандону воситаҳои ахбор маълумот намедиҳад, чунки худро аз Милату Ватан боло ҳисобада, нафари аввал буданашро ба намоиш гузоштан мехоҳад.

Баръакси мансабдорони мо тарафи Қирғизистон дар хабаррасонӣ ба шаҳрвандонашон ва дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори дохилӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ моҳирона истифода намуда, ду ҳуҷуми мусаллаҳонаи аз тарафи худашон анҷомшударо, ба сарҳадбонон ва шаҳрвандони мо бор карда, аз об хушк баромаданд ва муваффақ ҳам шуданд. Имрӯз дар расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ ба ҳар забоне маълумот дар мавриди низоъҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон гирифтан хоҳед, тарафи мазлум қирғизҳо ва ҳуҷумкунандагон тоҷикҳо тасвир шудааст. Ин ҳам яке аз сад далелҳои ноуҳдабароӣ ва корношоямии ҳукумати Раҳмонуфро исбот менамояд.

Хулоса, яке аз сабабҳои асосии ҳал нашудани низоъҳои сарҳадӣ, дар ҳукуматҳои ҳар ду тараф нуҳуфта аст. Маълум мешавад нооромиҳо ба манфиати нафарони ҷоҳталаб буда, ҳаёти сокинон барои онҳо қимате надорад. Шаҳрвандони оддӣ ба ҳалокат мерасанд ва хонаҳояшон валангор мешавад, аммо дар вохӯриҳо мансабдорони ҳарду тараф бо табасум якдигарро ба оғӯш мегиранд, гӯё мушкиле ва хасорате вуҷуд надорад. Ятимов аз бадмастии Раҳмонуф ва ҳодисаҳои марзӣ истифода намуда, мавқеъашро барои расидан ба курсии президентӣ мустаҳкамтар менамояд ва мушкилиҳои дохили кишварро ба дигар тараф кашонидан мехоҳад. Ташиев ҳам низоъҳоро фурсат шумурда, барои нафари аввали Қирғизистон шудан ва худро қаҳрамон вонамуд кардан, амалҳои иғвогаронаро болои мардумони наздисарҳадӣ анҷом медиҳад.

Бинобар ин, ба нафарони солимфикри Тоҷикистон ва Қирғизистон лозим аст, ки пеши роҳи ин гуна «манякҳо»-и мансабхоҳро гирифта, бозиҳои паси пардагии инҳоро ошкор намуда, ба фитнаҳо ва низоъҳои сарҳадӣ хотима бахшанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки қиматтарин офаридшудаи Худо дар рӯи замин инсонҳо ба ҳисоб мераванд ва намеарзад, ки барои як порча замин хуни бегуноҳе рехта шавад. Ободии сарзаминҳо, ҳаёти осоиштаи сокинон ва пешравии давлатҳо, ба ҳукумати одилонаи дар хидмати мардум қарордошта, вобастагии бевосита дорад.

Бо умеди расидан ба ҳукумати одилонаи мардумсолор…

Сорбон Азимӣ

Аз идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.