13.9 C
Dushanbe

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон давоми соли 2021

Хонандаи азиз, дар ин матлаб дар мавриди он ки ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон давоми соли 2021 дар кадом вазъ қарор дошт, муруре хоҳем кард ва ин ки ҳукумати кишвар дар минбарҳои созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар иддао мекунад, ки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамаҷониба риоят шудааст, хоҳем дид, ки он то куҷо ҳақиқат дорад ва дар охир қазоватро низ ба худи шумо мегузорем.

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз аввали соли 2021 бо маҳкум шудани пирамарди 80-сола Дониёр Набиев ба 7 соли зиндон маълум гашт.  Вокунишҳои шадид ва изҳори нигарониҳои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ба ҳафт сол ҳукми зиндони Дониёр Набиев (бобои Дона) сокини 80-солаи деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ дар оғози имсол Тоҷикистонро бори дигар ба ҳайси як кишвари поймолкунандаи ҳуқуқи башар ба намоиш гузошт.

Иттиҳоме, ки ба ин пирамард баста шуд: “пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард”, мавҷи интиқодҳоро дар баробари ҳукумати Тоҷикистон баланд сохт. Ин ҳам дар ҳоле, ки на мақомоти тафтишотӣ ва на додгоҳ аз ҳеҷ кишвари мушаххасе ном набурданд ва далелу санадеро ҳам манзур накарданд ва бадтар аз ин, мурофиаи додгоҳии бобои Дона пушти дарҳои баста сурат гирифт. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар “Human Rights Watch” ҳабси Дона Набиевро маҳкум ва озодии ӯро тақозо намуд ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Бунёди “Бузургмеҳр Ёров” ва коршиносони дигар низ ин ҳукмро сиёсӣ хонда ва аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии ҳарчи зудтари ӯро талаб карданд.

Пас аз муборизаҳои зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мақомот ногузир шуд Дониёр Набиеви 80-соларо аз зиндон озод кунад. Ин узви собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъди чаҳор моҳи дастгиршавӣ ва ба 7 соли зиндон маҳкум шудан 23-уми апрел ба озодӣ баромад.

Қазияи Дониёр Набиев танҳо мавриде набуд, ки аз риоят нашудани ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бигӯяд. Даҳҳо ҳолати нақзи ҳуқуқи инсонро мудофеони ҳуқуқи башар сабт кардаанд ва давоми сӣ соли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон пайваста мавриди мазаммати шадиди созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ва давлатҳои урупоӣ қарор гирифтааст. Тоҷикистон ба ҳайси як кишваре, ки ҳуқуқи башарро мудовим риоят намекунад, дар радабандӣ ва арзёбиҳои ҷаҳонӣ ҳамвора ангуштнамо будааст.

Мавриди дигаре аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ ин боздошт ва 14 сол зиндонӣ шудани Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ва танҳо ҳизби расмии мухолифи кишвар буд.

Ба 14 соли зиндон маҳкум кардани Маҳмурод Одинаев ва ба шаш соли зиндон маҳкум кардани яке аз писарони ӯ, инчунин 58 ҳазор сомонӣ ҷарима шудани писари дигари ӯ аз тарафи фаъолони ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба шиддат маҳкум гардид. Аз ин ҷо буд, ки созмони байналмилалии Хонаи Озодӣ “Freedom House” дар як таҳқиқоташ изҳор дошт, ки дар қаламрави АвруОсиё шаҳрвандони Тоҷикистон бо “бузургтарин мавҷи саркӯбҳо рӯ ба рӯ ҳастанд” ва “ҳукумат қудратро дар дохил тақвият додаву мухолифонро дар хориҷа ҳадаф қарор медиҳад”. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ зимни муаррифии як таҳқиқоташ дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар Амрико мегӯяд, баъд аз соли 2014 “аз 129 ҳодисаи сабтшуда дар минтақаи АвруОсиё 38 маврид марбут ба Тоҷикистон аст ва ин баёнгари боздоштҳои васеъмиқёс, муҷозоти сангин, ихроҷи ғайриқонунӣ, таслимкунӣ, ҳамла, нопадидшавиҳои бе шарҳ ва як ҳолати куштор мебошад”.

Додгоҳи ноҳияи Рӯдаки 28 январ Маҳмурод Одинаевро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” муҷрим шинохта буд.

Ва, аммо сахттарин мавридҳои нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар зиндонҳои ин кишвар мушоҳида мешавад. Дари зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳомиёни ҳуқуқи башар ва Кумитаи Салиби Сурхи ҷаҳонӣ баста аст. Инчунин муносибати масъулин ва маъмурони ин муассисаҳо бо зиндониён бисёр хасмона ва дурушт арзёбӣ мешавад.

Яке аз намунаҳои поймолшваии ҳуқуқи инсон дар зиндонҳои Тоҷикистон ин баъд аз интиқоли маҳбусон аз зиндони рақами яки шаҳри Душанбе ба зиндони нави шаҳри Ваҳдат, ки аксари онҳо аз беобӣ ва шароити бади зиндони нав шикоят мекарданд, буд.

Инчунин ду нафар аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллои Раҷаб танҳо ба хотири навиштани нома ба манзури бозбинии парвандаашон ба раиси ҷумҳурӣ, муҷозот шуданд. Онҳоро ба утоқҳои ҷаримавии зиндон интиқол доданд.

Ҳамсари Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ки соли 2016 ба ҳабси абад маҳкум шудааст, натавонист, ки аз ҳуқуқҳои худ барои аёдати шавҳараш истифода кунад. Мақомот гуфтаанд, ки шавҳари ӯ ба “сайри рӯзона ё ҳавохӯрӣ” набаромад ва ба ин далел ӯро аз ҳаққи дидор бо хонаводааш маҳрум кардаанд. Муҷозоте, ки дар ҳеч қонуни ҷазои дунё дарҷ нашудааст. Ва ҳатто то ҳол ҳеч ниҳоде ин қазияро шарҳ надодааст, ки чаро Маҳмадалӣ Ҳаитро нагузоштаанд бо хонаводааш дидор кунад – дидоре, ки дар 6 моҳ як моаротиба ва аз паси шиша, ки ҳамагӣ ним соат давом мекунад.

Тоҷикистон ва мақомоти интизомии он беш аз пеш ҳуқуқҳои одии инсонҳоро ба баҳонаи ночиз нақз мекунанд. Тибқи навиштаи расонаҳо ба духтари Раҳматуллои Раҷаб, яке аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ, ки барои 28 сол маҳкум ба зиндон мебошад, бар асоси моддаи “ифротгароӣ бо истифода аз Интернет” (қисми дуи моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд. Гуноҳи бону Нилуфар Раҷабова ин будааст, ки дар мавриди беасос ба ШИЗО-утоқи ҷаримавӣ бурдани падараш бо як расонаи хорҷӣ мусоҳиба додааст ва ҳамакнун ӯро муҷозоти аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Коршиносон чунин айбномаҳоро нодир ва як айбу иттиҳоме медонанд, ки дар ҳеҷ ягон гӯшаи дунё онро айбу иттиҳом намешуморанд ва танҳо Тоҷикистон аст, ки ҳамчунин меъёрҳоро барои саркӯби шаҳрвандонаш вазъ кардааст.

Боз яке аз намунаҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ин зиндонӣ шудани вакили дифоъ ва собиқ муфаттиши ноҳияи Вахш Садриддинзода Саиднуриддин буд, ки бо як муроҷиати видеоӣ, ки зоҳиран дар дохили зиндон сабт шудааст, аз Эмомалӣ Раҳмон хост ба додаш бирасад, зеро ӯро туҳмат намуда, бегуноҳ зиндонӣ кардаанд. Ба ин монанд даҳҳо мисоли дигар вуҷуд дорад, ки барои шумурдани онҳо инҷо фурсат намерасад.

Аммо яке аз масоили ҳуқуқии дигаре, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро ба он муқассир мешуморанд, таъқиби фаъолони сиёсиву иҷтимоӣ ва мунтақидону дигарандешон дар хориҷ аз кишвар аст. Ҳукумати Тоҷикистон солҳост, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти фосиди интизомии Русия даст ба таъқибу фишори шаҳрвандонаш дар ин кишвар мезанад ва бо истирдоди ғайриқонунӣ талош мекунад, аз фаъолиятҳои онҳо ҷилавгирӣ кунад.

Мақомоти интизомии Русия бар ивази пораву ришва афродеро назири Иззат Амон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда сипас таслими Тоҷикистон мекунанд. Иззат Амон, як мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик ва раиси “Маркази тоҷикон” дар Русия баъди истирдодаш дар моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Муҳаммадхон Эгамов, яке аз ҳамкорони наздики Иззат Амон низ бо дархости Тоҷикистон дар Маскав боздошт шудааст ва эҳтимоли истирдоди ӯ вуҷуд дорад. Вакилони мудофеъ Шуҳрат Қудратов ва Бахтиёр Ҷумъаев, ки ҳарду шаҳрвандии русиро доранд ва аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия дифоъ мекунанд таҳти хатари лағви шаҳрвандӣ ва истирдод ба Тоҷикистон қарор доранд.

Қадам Исматов, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки 17 соли пеш шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд, сентябри сали ҷорӣ мақоми табааияташро аз даст дод.

Ҳукумати Тоҷикистон мунтақидон ва мухолифонро дар хориҷа ҳам таъқиб мекунанд. Ва ё тавассути бастагони онҳо дар дохил болои онҳо фишор меоварад то инки ба ватан бозгарданд ва даст аз фаъолиятҳои сиёсӣ бардоранд. Худи Эмомалӣ Раҳмон дар як суҳбаташ дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Лахш ошкоро эълон кард, ки ҳеҷ кас ба сиёсат ва корҳои давлат дахолат накунад. Агар кард ҳатман ҷавобгар мешавад.

Аммо ҳаводиси рӯзҳои 25-28-и ноябр дар Хоруғ бори дигар исбот кард, ки мақомоти Тоҷикистон коре ба кори ҳуқуқи инсонҳо, риояти қонун ва тааҳҳудоти байналмиллалиашон надоранд. Истифодаи силоҳи оташфишон ба ҳангоми амалиёти боздошт ва тиркушоӣ муқобили муътаризини осоишта ниҳояти як низоми худкома ва тоталитарӣ аст. Ва бештари ҳомиёни ҳуқуқ ин шеваи бархӯрди мақомот бо аҳолии Бадахшонро террори давлатӣ унвон карданд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 8-уми декабри соли ҷорӣ Бозраси давлатии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон Умед Бобозода дар Форуми ҳуқуқи инсон “Ҷануб-Ҷануб 2021”, ки аз ҷониби кишвари Чин ба шакли маҷозӣ доир гашт, иштирок намуда суханронӣ кард. Ӯ дар суханронии худ иддао кард, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ мувофиқ ба аҳдномаҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон шомили онҳост, комилан ва ҳамаҷониба иҷро шудааст.

Аммо созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар дар мавриди “комилан ва ҳамаҷониба” риоят шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чӣ мегӯянд?

Баҳои кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқӣ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Вазорати хориҷии Амрико Тоҷикистонро имсол низ ба феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” аз назари озодиҳои динӣ ҷой дод. Ин барои бори панҷум баъд аз соли 2016 аст, ки Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос ҷой мегирад.

Муаллифони ин арзёбӣ мегӯянд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худкомаи худро тақвият дода, ҳама гуна фаъолиятҳои ошкорои диниро саркӯб мекунад. Дар гузориш омадааст, ки мусалмонони салафӣ, ки аз соли 2009 расман манъ шудаанд, мавриди таъқиб ҳастанд ва ин истилоҳ, ба қавли муаллифони гузориш, ба таври васеъ ва бебандубор ба кор меравад. Бинобар ин арзёбӣ, аз соли 2017 дар Тоҷикистон ду ҳазор масҷид баста шуд ва масҷидҳои дигар зери назорати камераҳои назоратӣ кор мекунанд. Гузориш инчунин ба идомаи таъқиби аъзои ҳизби аз соли 2015 мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ишора карда гуфтааст, ки мақомот ҳамакнун ба озору азияти аъзои хонаводаҳои онҳо ҳам даст мезананд.

Нимаи аввали моҳи январи имсол Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар дар гузорише Тоҷикистонро барои “зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифон ва журналистон бо ангезаҳои сиёсӣ” танқид кард.

Дар охирин гузориши Хонаи Озодӣ “Freedom House” Тоҷикистон шомили феҳристи кишварҳои “бадтарини бадтарин” аз ҷиҳати озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ шуд. Дар гурӯҳи 12 кишвари бадтарин поймолкунандаи ҳуқуқи башар, Тоҷикистон дар баробари Куриёи Шимолӣ, Туркманистон, Сурия, Арабистони Саудӣ, Чин, Либӣ ва Сомалӣ қарор гирифта аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои сол дар поинтарин радаи шохиси демократия қарор гирифт, ки ҳамасола “The Economist Intelligence Unit” таҳия мекунад ва имсол мақоми 160-умро касб кардааст.

Дар шохиси солонаи озодии матбуот, ки ҳамасола созмони “Гузоришгарони Бидуни Марз” нашр мекунад, кишвар мақоми 162-ро дар миёни 180 кишвар гирифтааст.

Гузоришгарони  бидуни марз” Тоҷикистонро дар шумори 20 кишвари саркӯбгари  озодии матбуот қарор дода ва Эмомалӣ Раҳмонро дар шумори роҳбарони “душманони матбуот” дохил кард. Тоҷикистон “бадтарин кишвар” барои фаъолияти хабарнигорӣ муаррифӣ шуд.

Дар гузориши “Article-19”-як созмони байналмилалии мустақар дар Бритониё дар робита ба вазъи матбуот дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки мақомоти тоҷик “сабтиноми журналистро ҳамчун як василаи назорат аз матбуот ва сензураи журналистони мунтақиди ҳукумат истифода мекунанд. Манзури ин созмони байналмилалӣ аз сабти ном “аккредитатсия”-и муҷаввизи кор ба хабарнигорони тоҷике аст, ки барои расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд ва Вазорати хориҷии Тоҷикистон ба он идда аз хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки матолиби интиқодӣ менависанд “аккредитатсия” намедиҳад.

Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки НАНСМИТ- Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар як гузориш аз душвортар шудани гирифтани иттилоот ва бахусус бепосух гузоштани дархост ва саволҳои рӯзноманигорон аз тарафи мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон дар гузоришаш гуфтааст, мақомот “ба дархости журналистӣ ё ҷавоб намедиҳанд, ё як посухи хушку холӣ медиҳанд, ки ба дарди хабарнигор намехӯрад. Ин созмон аз моҳи июл то августи соли равон ба идораҳои расмӣ 58 дархости журналистӣ ирсол кардааст, ки 37-тои он беҷавоб будааст”. Нуриддин Қаршибоев, роҳбари НАНСМИТ охири моҳи ноябр дар сӯҳбат ба расонаҳо гуфтааст, ки “мо аз он нигаронӣ дорем, ки мутаассифона ниҳодҳое, ки қаблан ба дархостҳои журналистӣ саривақт ҷавоб медоданд, ба монанди ВКД, дар моҳҳои охир нисбат ба дархостҳо беэътиборӣ мекунанд. Аз ҳама чизи ташвишовар ин аст, ки ниҳоде, ки ба назорати иҷрои меъёри қонун мутассадӣ аст, яъне додситонии кул ба дархостҳо посух намедиҳад”.

Акнун хонандаи азиз, қазоват бо Шумост ва худ хулоса бароред, ки иддаои мақомоти Тоҷикистон дар мавриди риояти ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар то куҷо дуруст аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.