25.9 C
Dushanbe

Вазъи саломатии вахими як тоҷикистонӣ дар маҳбаси Туркманистон

Вазъи саломатии як шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз маҳбасҳои Туркманистон бисёр вахим шудааст.

Бино ба иттилои turkmen.news, Сабзалӣ Эхболович Бандаев дар зиндон гирифтори бемории сил шуда, ҳоло дар бемористони маҳбаси МР-Б/15-и шаҳри Марии Туркманистон қарор дорад.

Гуфта мешавад, бемории сили ин шаҳрванди Тоҷикистон ба марҳалаи охир расидааст ва аз даҳонаш хун меравад.

Бандаев дар Туркманистон ба 23 соли зиндон маҳкум шуда будааст, аммо маълум нест ҳукми вай кай содир шуд ва ӯ ба чӣ иттиҳоме айбдор гардидааст.

Ба иддаои манбаъ, наздикони маҳкумшуда имкон доранд, ки бо муроҷиат ба сафорати Туркманистон дар Душанбе, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дигар мақомот Бандаевро озод карда, ба Тоҷикистон баргардонанд.

Бар асоси Кодекси мурофиавии ҷиноии Туркманистон, имкони раҳоии пеш аз муҳлати беморе, ки вазъи саломатияш вахим арзёбӣ мешавад, вуҷуд дорад ва чунин мавридҳо низ дар ин кишвар будааст. Дар соли 2014 сомонаи turkmen.news аз раҳоии ҳашт нафари гирифтори бемории сил хабар дода буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.