Ваколатдори ҳуқуқи инсон бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон аз ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон дар кишвар гуфт.
19-уми августи соли ҷорӣ, омбудсмен Умед Бобозод бо намояндаи тозатаъйини Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Судито Мукерҷӣ мулоқот кардааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла масоили мутобиқатии Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж, тақвияти ҳамкориҳо дар самти Шарҳи Универсалии Даврӣ (марҳилаи сеюм) ва дигар масъалаҳо гуфтугӯ кардаанд.
Бобозода дар мавриди дастовардҳои Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқи инсон гуфта, иддао кардааст, ки кишвар дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон пайваста қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар иттилоияи дафтари Омбудсмени тоҷик гуфта мешавад, ки Судито Мукерҷӣ аз идома додани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳукумат дар ин самт изҳори миннатдорӣ кардааст.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ягон тавсияи ниҳодҳои СММ-ро дар мавриди озодии маҳбусони сиёсӣ иҷро накардааст.
Ва Умед Бобозода ҳам дар ҳоле аз қадамҳои устувори Ҳукумати кишвар дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва кишварҳои ғарбӣ режими имрӯзаи Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқу озодиҳои сокинон борҳо танқид кардаанд.
Бори охир 8 созмони ҳуқуқи башарӣ дар изҳороте аз идомаи таъқибу фишори системавии мақомоти Тоҷикистон алайҳи помириҳо изҳори нигаронӣ карда буданд. Ин 8 созмон аз давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва Русия хоста буданд, ки дар таъқибҳои фаромиллӣ ширкат накунанд ва аз кишварҳои ҳомии ҳуқуқ талаб карданд, ки алайҳи мансабдорони масъули таъқибҳо таҳрим ва манъи сафар ҷорӣ намоянд.