28.9 C
Dushanbe

Вазъи вахими Холбашов дар зиндон

Вазъи саломатии генерал-майор Холбаш Холбашов, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, ба таври ҷиддӣ бад шудааст.

Бино ба иттилои рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова, собиқ мушовири калони фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Холбашов дар зиндон аз бемориҳои шуш, дил ва “гипертония” ранҷ мебарад ва чашму гӯши росташ ҳам варам кардааст.

Гуфта мешавад, масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии кишвар аз вазъи вахими ӯ хабар доранд, аммо коре барои беҳбуди саломатии Холбашов накардаанд.

Наздикони генерал-майор Холбашов аз раҳбарияти Вазорати адлияи кишвар ва созмонҳои байналмиллалӣ хостаанд, ки ба вазъи саломатии ӯ таваҷҷуҳ кунанд ва барои расонидани ёрии саривақтии тиббӣ кумак кунанд ва инчунин ба табибони мустақил имкони муоинаи Холбашовро диҳанд.

Мақомот то ҳол дар бораи вазъи саломатии Холбашов чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Холбаш Холбашов собиқ сардори Раёсати Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ВМКБ 18 майи cоли 2022 ҳамроҳ бо ҳамсари собиқаш, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева боздошт шуданд.

Мақомоти қудратии Тоҷикстон ҳамроҳ Холбаш Холбашов беш аз 70 сокини дигари Рӯшонро низ низбоздошт намуда, ба Душанбе оварда буданд.

Мақомот иддао доранд, ки Холбашов “яке аз раҳбарони гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” дар ноҳияи Рӯшон мебошад. Аммо ба гуфтаи бархе аз наздикони генерали мустаъфӣ, ӯ то замони боздошт дар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хидмат кардааст.

Мурофиаи охири додгоҳии Холбашов рӯзи 21-уми сентябри соли 2022 пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққатии КДАМ баргузор гардида, додрас ӯро ба 11 моддаи Кодекси ҷиноятии кишвар гунаҳкор дониста, ба ҳукми абад маҳкум карда буд. Генерал-майор Холбаш Холбашов иттиҳоми мақомотро рад карда буд ва наздикону пайвандонаш ҳам ӯро бегуноҳ медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.