Гуфту гузорҳо дар бораи вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон

Коршиносони мустақил бар ин боваранд, ки вазъияти саломатии Эмомалӣ Раҳмон пас аз оғози ҳодисаҳои ахири Қазоқистон рӯ ба вахомат овардааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон бори ахир аз тариқи расонаҳо 10-уми январи соли ҷорӣ дар нишасти ғайри навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ, ки тариқи он-лайн баргузор шуд, дида шуд. Сомонаи Хадамоти матбуоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам охирин матлаби худро рӯзи 10-уми январи соли ҷорӣ дар ҳамин нашр кард.

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар” ҳам охирин хабари худ дар бораи “Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” рӯзи 13-уми январи имсол нашр кард, вале ягон акси ҷадиде аз ӯ чоп накард, ки бозгӯкунандаи аҳволи саломатиаш бошад.

Пойгоҳи иттилоърасонии “Паём.нет”, ки марбут ба мухолифини Ҳукмати Тоҷикистон аст, дирӯз 18-уми январ бо нашри як гузориш зери унвони “Қазоқистон, СПАД ва ояндаи инқилоб дар Тоҷикистон” хабар дод, ки “ҳаводиси Қазоқистон, бахусус тахриби ҳайкали Назарбоев, “пешвои миллат”-и қазоқон, то ҳаде раисҷумҳури Тоҷиикистонро зери таъсир қарор доданд, ки барои табибони ӯ лозим омад навбатдории шабонарӯзиро то сатҳи “вазъи изтирорӣ” тақвият бахшанд.”

Манбаъҳои Паём меафзоянд: “Дертар, вақте нерӯҳои СПАД, аз ҷумла 200 сарбози тоҷик вориди Қазоқистон шуданд ва эътирозот саркӯб гардиданд, Эмомалӣ Раҳмон каме ором шуд ва ҳатто муддате табъи хуш дошт. Аммо бо дарки вазъияти баамаломада ва ояндаи торики худаш, дубора вориди депрессия гашт.”  

Хабари рӯ ба вахомат овардани саломатии Эмомалӣ Раҳмон замоне дубора дар расонаҳо ва бахусус шабакаҳои иҷотимоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, ки хабаргузории русии “Спутник-Тоҷикистон” иттилоъ дод, ки “Сафари Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд: сабаб“.

Ҳар чанд ин расона сабаби асосии лағв шудани сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳидустонро авҷ гирифтани коронавирус дар он кишвар қаламдод кардааст, аммо чун то кунун мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора ҳеч иттилои расмие ироа накардаанд, корбарон ба хуб будани вазъияти саломатии Президенти Тоҷикистон пас аз ҳодисаҳои ахири Қазоқистон шубҳа доранд.

Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд шуда, ба қарибӣ 70-сола мешавад. Вай наздик ба 30 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон қудратро дар даст дорад ва бо вуҷуди пирӣ то кунун ҳеч гоҳ расман ба рухсатии меҳнатӣ нарафтааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо ТВ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.