24.9 C
Dushanbe

Вазир мегӯяд, ҳамаи мардуми Тоҷикистон захираи дусола дорад. Оё чунин аст?

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар нишасти хабарии ниҳодаш, ки рӯзи 9-уми феврал баргузор гардид, гуфт, ки тамоми мардуми Тоҷикистон захираи дусола ва бархеҳо аз он бештарро доранд. Дар ин бора “Sputnik” Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона вазири кишоварзӣ ҳамчунин қайд кардааст, ки Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус тавонист бозори дохилии худро фаровон нигоҳ дорад. Ба гуфтаи Зиёзода, дар давраи ҳамагирии коронавирус, ки ҳамаи давлатҳо марзҳои худро бастанд, бозори Тоҷикистон бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин буду ҳаст.

Ӯ мегӯяд, ба вазниниҳои соли 2020 нигоҳ накарда, кишоварзони кишавр меҳнати пурсамар доштанд ва фаровонии бозорҳо имрӯз аз он шаҳодат медиҳад. Вазир гуфт, ғайр аз афлесуну мандарину банан, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, дигар ҳамааш аз ангур сар карда то себу нок – истеҳсоли худи Тоҷикистон аст.

Дар идома Зиёзода мегӯяд, вақти боздид аз бозорҳо ва мағозаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаровонии маҳсулотро мушоҳида кардааст.

“Картошка, сабзӣ, пиёз – ҳамааш тал задагӣ ҳаст. Ман фикр мекунам, ки имрӯз тамоми мардуми кишавр аз ҷумла 70 дарсади тоҷикистониҳо, ки дар деҳотҷойҳо ба сар мебаранд, захираи кофӣ, баъзе оилаҳо ҳатто аз ду сол бештар захира доранд”, – гуфт вазир.

Аммо Зиёзода дар бораи гаронии нарху наво дар бозорҳо ва ин ки аксари сокинон имкони харидани гушту меваро надоранд, чизе нагуфт.

Зиёзода мегӯяд, танҳо мардуми шаҳр захира камтар доранд, вале онҳо ҳам то се чор моҳ захираи картошка, пиёз ва сабзиро доранд ва ба гуфти ӯ, барои захираи маҳсулоти донагӣ дар Тоҷикистон имконот бештар аст.

“Мо 60 ноҳияҳои кишоварзӣ дорем ва ҳамин ноҳияҳо имкони захираи донагӣ, аз ҷумла шолӣ ва гандумро доранд”, – гуфт Зиёзода.

Ба маълумоти ин масъули Вазорати кишварзӣ соли 2020 дар Тоҷикистон 1 миллиону 517 ҳазор тонна ғаллагӣ ҳосил шудааст. Аз ин ҳисоб 864 тонна гандум истеҳсол шудааст, ки воридоти онро дар қиёс бо соли 2019 – 92 ҳазор тонна камтар кард. Аммо масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ маълумоти дигар доданд.

Ба гуфтаи масъулини ин хадамот, дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон ба андозаи 19,1% ва орд – 4,8% зиёд шуд.

Гуфтаҳои Сулаймон Зиёзода, ки аксари мардуми Тоҷикистон 2 сола захира доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ суолҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки чӣ гуна як шаҳрванди Тоҷикистон бо вуҷуди баланд будани нархи маҳсулот дар бозорҳо ва доштани маоши паст аз куҷо метавонанд ду сола захира дошта бошанд?

Эмомалӣ Раҳматов як корбар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар посух ба гуфтаҳои вазир навишт, ки “Маоши якмоҳа базӯр ба як ҳафта мерасаду захираи дусола аз кадом ҳисоб мешавад? Як каме андеша ҳам хуб аст.”

Ҳамчунин Муаззама Қодирова ҳуқуқшиноси тоҷик менависад, “Вазири нав, корашро аз дурӯғ сар карда бошад, давомаш чӣ мешуда бошад?! Аз мушоҳидаи шахсиам, сатҳи зиндагии мардуми кишвар ба дараҷае паст аст, аз ин лиҳоз суханҳои вазир мантиқан дуруст намеояд. Ба хайр шавад!”

Дар идома ҳуқуқшиноси дигари тоҷик Шуҳрат Қудратов навиштааст, ки “Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қариб зиёда аз 15 сол мешавад, ки вазифаи худро дар назди мардум иҷро накарда истодааст ва ҳамаро ба гардани мардуми бечора бор мекунад. Бовари дорам, ки ҳоло ба Кодекси ҷиноятии ҶТ тағйирот ва илова барои надоштани захираи ду сола ворид мекунанд ва баъд мардумро барои надоштани захираи ду сола аз озодӣ маҳрум мекунанд”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.