27.9 C
Dushanbe

Хадамоти алоқа сабаби қатъи интернет дар ВМКБ-ро таъмини амният гуфт

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабабҳои қатъи интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба гузаронидани чорабиниҳои техникӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ рабт дод.

Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи душанбе дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, дар мавриди қатъи интернет дар ВМКБ аз посухҳои возеҳу равшан фирор мекард ва ин нуктаро таъкид кард, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои техникӣ ба хотири аъмини амнияти иттилоотӣ интернет дар ин вилоят қатъ гардидааст.

Аммо ӯ дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки интернет ва алоқаи мобилӣ дар ВМКБ дар низоми 3G фъол аст ва ҳеч мушкилие вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки сокинони ВМКБ аз он шикоят доранд, ки пас аз гирдиҳамоиҳои 25-28-уми ноябр дар ин вилоят интернет ва алоқаи мобилӣ пурра қатъ гардид. Пас аз чанде алоқаи мобилӣ барқарор шуд, аммо то ҳол хидматрасониҳои интернет васл нашудааст.

Коршиносон сабаби аслии қатъи намудани интернет дар ин вилоятро ба пешгирии мақомот аз нашр шудани ҳаргуна бадраaториҳои худи онҳо нисбати сокинони ин вилоят рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои...

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ...

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати...

Русияву Чин вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти...