28.9 C
Dushanbe

Вазири хориҷии Эрон дар Маскав ҷанг дар Украинаро маҳкум кард

Субҳи имрӯз Вазири умури хориҷии Эрон дар раъси як ҳайъати баландпояи кишвараш барои гуфтугӯ бо ҳамтои русиаш вориди Маскав шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Амир Абдуллоҳиён, Вазири умури хориҷи Эрон пас аз вуруд ба Маскав ба хабарнигорон гуфт, ки вай ва ҳамроҳонаш барои анҷоми гуфтугӯ дар се маврид, аз ҷумла раванди музокироти қудратҳои ҷаҳонии 5+1 дар Вена, ки муваққатан боздошта шудааст ва гуфтугӯ дар бораи ҷанг дар Украина озими Русия шудаанд.

Амир Абдуллоҳиён бо сароҳат гуфт, ки Эрон ҷанг дар ҳама нуқтаҳои ҷаҳон, аз он ҷумла ҷанг дар Яману Афғонистон ва ҷанг дар Украинаро ҳам маҳкум мекунад.

Вазири умури хориҷии Эрон дар ҳоле дар қалби Маскав ҷанг дар Украинаро маҳкум карда, ки ҷумҳурии исломӣ пас аз суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон, ки ду сол пеш тавассути “Сипоҳи посдорон” мавриди ҳадаф қарор гирифта буд, аз вокунишҳо ва амалкардҳои Украина ранҷида ва дар ин ҷанг бештар ҷониби Русияро гирифтааст.

Пеш аз ин раҳбари Эрон Алии Хоманаӣ ҳам дар бораи ҷанг Украина ва ҳамлаҳои густардаи Русия ба хоки он кишвар Амрико ва дар умум кишварҳои Ғарбро муқассир дониста буд.

Гуфтанист, Эрон аз як сӯ намехоҳад дар ин марҳилаи ҳассос Амрико ва дигар ҳампаймонони он дар Ғарбро биранҷонад ва аз сӯи дигар ба ҳеч ваҷҳ моил нест Русияро, ки дар ин чанд соли ахир дар канораш буд, аз даст бидиҳад.

Аз ҷониби дигар Русия низ мехоҳад бо анҷоми музокироти Вена, ки дар назар аст бо анҷоми он бахше аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон бардошта шаванд, Теҳронро, ки дар ин чанд соли ахир ба он кумак мекард, аз даст надиҳад.

Русия субҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ ҳамлаҳои густурдаи худро ба шаҳру деҳоти Украина оғоз кард ва бо гузашти 19 рӯз ҳанӯз ҷанг идома дорад. Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва хеле аз ҳампаймонони ғарбии Украиана алайҳи Русия зиёда аз 5500 намуди таҳримҳоро ҷорӣ карданд ва акнун Русия дар инзивои иқтисодӣ қарор гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.