26.9 C
Dushanbe

Вазири қирғиз аз беҳтар шудани муносибат бо Тоҷикистон гуфт

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар як нишаст аз беҳтар шудани муносибатҳо бо Тоҷикистон хабар дод.

Ҷээнбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар як суҳбати онлайние гуфт, ки соли 2022 дар муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон соли сахт буд ва он айни замон каме беҳтар шудааст.

“Давраи сахти муносибатҳо бо Тоҷикистон буд: ҳодисаҳои сентябрӣ, баъди он гуфтугуҳои пӯшида тӯл кашиданд. Айни замон вазъ каме сабуктар шуд. Ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳаст, аз ҷониби мо ҳаст, ки ба ҳар ҳоле бояд гуфтугуҳои марзӣ ба поён расонида шаванд”, – гуфт Кулубоев.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама муҳимаш сулҳ дар минтақаи марзӣ аст ва ӯ илова кард, ки гуфтугӯҳои марзӣ бо Тоҷикистон дар соли 2023 идома дошта, суръати бештар гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯзе пеш Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар як суҳбати телефонӣ аз пешрафт дар музокироти марзӣ суҳбат карда, ба зарурати ҳалли тамоми масоил фақат аз роҳи сиёсиву дипломатӣ таъкид кардаанд ва гуфтаанд, ки музокироти кумиссиюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ суръат бахшида шавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 987 километр марзи муштарак доранд, ки беш аз 300 километри дигари он то ҳол муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Солҳост, ки аломатгузорӣ нашудани марзи ду кишвар боиси сар задани муноқишаҳо мегардад. Муноқишаи охири марзӣ рӯзҳои 14-17-сентябри соли 2022 сурат гирифт, ки дар он аз ду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуд. Ҳарду кишвар якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хуршед Фозилов барои 7 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик Хуршед Фозиловро барои 7 сол равонаи зиндон кард.

Мақомоти Русия шаҳрвандони тоҷикро бо ваъдаи пул ба ҷанг даъват мекунанд

Муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия мегӯянд, мақомоти ин кишвар бо роҳҳои гуногун барои онҳо даъватнома фиристода, бо ваъдаҳои зиёди пулӣ онҳоро барои ҷанг ба Украина ҷалб мекунанд.

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.