Вазири қирғиз: ихтилоф миёни Қирғизистону Тоҷикистон ҳал шудааст

Бактибек Бекболотов, вазири дифои Қирғизистон имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар бораи муноқишаи моҳи апрел дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Бекболотов, кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) наметавонанд ба низоъе, ки дар дохили кишварҳои узви ин иттиҳод ҷараён доранд, дахолат кунанд.

“Дахолати СПАД ба ин муноқиша нодуруст мебуд. Гузашта аз ин, ин ихтилоф миёни Қирғизистону Тоҷикистон ҳал шудааст. Дар расонаҳо ва ҷомеа баҳсҳо идома доранд, ки кӣ пирӯз шуду кӣ бохт. Мо се афсарро аз даст додем Агар хоҳед, ки аз талафоти тарафи ҳамсоя огаҳ шавед, ба шумо маслиҳат медиҳам, ки ба он ҷо рафта, бо аҳолии махаллӣ суҳбат карда, ин саволро пурсед. Ин артиш буд, ки низоъро қатъ кард”, – гуфт Бактибек Бекболотов.

Бино ба навиштаи пойгоҳи хабарии “24.kg” Вазири дифои Қирғизистон ҳамчунин қайд кард, ки хариди ҳавопаймоҳои бесарнишин идома дорад ва ӯ наметавонад шумораи дастгоҳҳои харидашударо эълон кунад, зеро ин маълумоти махфӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар маҳаллаи нуқтаи тақсими оби “Головной” рух дод. Пас аз он, муноқиша ба марҳилаи истифодаи артиш ва техникаи вазнин гузашт. Тарафхо ниҳоят дар бораи ярокпартоӣ ва пасгардонидани нерӯҳои низомӣ танҳо бегоҳи 1-уми майи соли ҷорӣ ба созиш расиданд.

Ба иддаои ҷониби Қирғизистон дар ин ҳодисаҳо 189 шаҳрванди ин кишвар ҷароҳат бардошта, 36 нафар ҳалок шуданд. Ҷониби Тоҷикистон ба таври ғайрирасмӣ дар бораи беш аз 150 захмӣ ва ҳудуди 16 кушта хабар додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.