26.9 C
Dushanbe

Вазирони хориҷаи Амрико ва Тоҷикистон вазъи марзиро баррасӣ карданд

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 1 июн бо Энтони Блинкен котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Зимни суҳбат Муҳриддин ва Блинкен масъалаи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва инчунин вазъи минтақаро баррасӣ карданд.

Бар асоси иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Энтони Блинкен ҳамчунин дар бораи тадобири муштарак оиди пешгирии паҳншавии сирояти нави корнавирус “COVID -19” андешаронӣ намуда оиди рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ карданд.

Дар ҳамин ҳол тавре, ки дар як баёнияи матбуотии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида омадааст, Энтони Блинкен бори дигар пуштибонии Амрико аз соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Котиб ба вазири умури хориҷа барои роҳбарии Тоҷикистон дар амнияти минтақа, пуштибонӣ аз музокироти сулҳ дар Афғонистон ва шарикии давомдор дар мубориза алайҳи терроризм, аз ҷумла дар доираи С5 бар иловаи 1 изҳори ташаккур кард.

Онҳо ҳамчунин вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Котиби давлатии ИМА барои бозмондагони афроде, ки дар даргириҳои хунини марзи моҳи апрел ва қурбониён, изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд. Аз саъйу талошҳо ҷиҳати паст кардани шиддати ҷанг, аломатгузории марз ва ноил шудан ба ҳалли сулҳи пойдор ситоиш кард.

Котиб дар идомаи суҳбат бар аҳмияти рушди робитаҳои минтақаӣ, ҳуҳуқҳои инсон ва озодиҳои асосиро барои ҳама таъкид кард.

Ҳарду ҷониб муносиботи мустаҳками дуҷонибаи Иёлоти Муттаҳида ва Точикистонро тасдиқ намуда мувофиқа карданд, ки ҳарчи зудтар имкон фароҳам оранд, то машваратҳои дуҷониба баргузор карда шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид.