4.9 C
Dushanbe

Вазорати хориҷаи Эрон сафири Фаронсаро эҳзор кард

Давлати Эрон дар пайи интишори карикатураҳои марбут ба воқеаҳои ахири ин кишвар ва раҳбари он Алӣ Хоманаӣ дар нашрияи фаронсавии “Шарли Эбдо” вокуниш кард.

Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи имрӯз бо нашри изҳороте хабар дод, ки дар пайи нашри карикатураҳо дар нашрияи “Шарли Эбдо” сафири Фаронса дар Теҳрон Никола Рош ба Вазорати корҳои хориҷа эхзор шуда, нусхаи эътирознома ба дасти ӯ супорида шудааст.

Носир Канъонӣ, сухангӯ ва раиси Маркази дипломатии умумии Вазорати корҳои хориҷаи Эрон эълом дошт, ки дар ҷараёни ин эҳзор ба сафири Фаронса гуфта шуда, ки Эрон “тавҳин ба муқаддасот ва арзишҳои исломӣ, мазҳабӣ ва миллиро намепазирад.”

Вазорати хориҷаи Эрон бо нашри изҳороте масъулияти ин иқдомро ба дӯши давлати Фаросна гузошта мегӯяд: “Фаронса ҳақ надорад бо баҳонаи озодии баён иҳонат ба муқаддастони дигар кишварҳо ва миллатҳои мусалмонро тавҷеҳ намояд.

Инчунин мақомоти ин кишвар хабар дод, ки дар як иқдоми талофиҷӯёна “Анҷумани эроншиносӣ”-и Фаронса дар Теҳронро мебандад. Ва ҳамзамон мақомот гуфта, ки рӯи муносибатҳои фарҳангии Эрону Фаронса бознигарӣ мешавад.

Дар пайи эҳзори сафири Фаронса дар Теҳрон вазири корҳои хориҷаи Фаронса Катрин Колонна бо нашри изҳороте гуфт, “Давлати Эрон бояд қабл аз интиқод аз Фаронса ба ончи ки дар кишвараш мегузарад, нигоҳ кунад.”

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷаи Фаронса мегӯяд: “Дар Фаронса бар хилофи Эрон озодии матбуоти вуҷуд дорад. Ва ин озодӣ тавассути як қозӣ, ки дар чорчӯби як системаи қазоии мустақил аст, назорат мешавад. Чизе, ки бидуни шак Эрон аз он чизе намедонад.”

Вокуниши Эрон дар пайи он сурат гирифта, ки маҷалаи танзии “Шарли Эбдо” шумораи охирашро ба воқеаҳои ахири ин кишвар бахшида, бо нашри 35 карикатура раҳбарияти ин кишвар, ба хусус раисҷумҳур Иброҳим Раисӣ ва раҳбари он Алӣ Хоманаиро ба танз кашидааст.

Ин нашрия қаблан ҳам бо нашри чунин карикатураҳо нисбати Паёмбар Муҳаммад (с) ва дини ислом борҳо ба вокунишҳои ҷаҳонӣ ва ҷаҳони ислом рӯбарӯ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба Тоҷикистон наомад

Ҳамлагари шинохтаи пуртуғолӣ ва бозигари бошгоҳи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду ба Душанбе наомад. 

Арабистон $100 миллион ба Тоҷикикстон қарз медиҳад

Фонди Саудии Рушд барои идомаи сохтмони тарҳи Нергуҳои барқи...

Вокунишҳо ба шиканҷаи навраси ноболиғе дар Душанбе

Сабти навори шиканҷаи навраси ноболиғе дар шаҳри Душанбе мавҷи вокунишҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, вале мақомот то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистон

Масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.