Акс: Интернет Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳварндони тоҷике, ки дар донишгоҳҳои олии ҷумҳуриҳои Украина ва Беларус таҳсил доранд, ё қабул шудаанд, ҳангоми хариди билети бозгашт бояд ҳуҷҷати донишҷуйии худро нишон диҳанд. Гуфта мешавад, барои дарёфти билет онҳоро зарур аст, ки мустақиман ба намояндагии ширкати «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд. Дар […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳварндони тоҷике, ки дар донишгоҳҳои олии ҷумҳуриҳои Украина ва Беларус таҳсил доранд, ё қабул шудаанд, ҳангоми хариди билети бозгашт бояд ҳуҷҷати донишҷуйии худро нишон диҳанд.
Гуфта мешавад, барои дарёфти билет онҳоро зарур аст, ки мустақиман ба намояндагии ширкати «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд. Дар назар аст шуруъ аз 30 август тавассути хатсайри «Сомон Эйр» парвозҳои чартерии Душанбе-Минск ба роҳ монда мешаванд.
Рӯзи 27 август Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 парвозҳои чартерӣ дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қарор қабул намуд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хостааст, талаботи санитарию эпидемиологиро дар кишварҳо риоя намоянд.
Ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон сафоратҳои Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Украина дастур додааст, ки дар таъмини транзит аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.