30.9 C
Dushanbe

Вазорати маорифи Тоҷикистон: барои мактабу донишгоҳҳо қарантина ва ё таътил эълон намешавад

Тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар ҷомеа гуфтугузорҳое буданд, ки пас аз 11 октябр баъди баргузории Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон мактабҳо дуввумбора баста мегарданд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи таътили дуҳафтаинаи мактабҳо пас аз интихоботи президентиро рад кардааст.

Дар Вазорати маориф ба “Азия Плюс” гуфтаанд:

«Ин овозаҳо, ки дар байни сокинони кишвар паҳн шудаанд, беасосанд. Таътили тирамоҳии мактаббачагон тибқи ҷадвали қаблан тасдиқшуда сурат мегирад: аз 1 то 10 ноябр. То ҳол мо дар бораи таътили умумии мактаббачагон ва донишҷӯён ё эълон шудани карантин маълумоте надорем».

Вазорати маориф иброз дошта, ки эълон гардидани қарантини саросарӣ дар донишгоҳҳову мактабҳоро Ситоди ҷумҳуриявӣ мубориза бо каронавирус тасмим мегирад.

Ин дар ҳолест, ки тамоми давлатҳои аврупоӣ ва кишварҳои дигар аз мавҷи дуввумбораи паҳншавии пандемия бонги хатар задаанд ва аксари давлатҳо барои мактабҳо қарантина ҷорӣ карданд. Баъзе давлатҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии каронавирус, ҳатто дар идораву корхонаҳо маҳдудият ҷорӣ намуда, кори фосилавиро ба роҳ мондаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз сабаби доштани имконоти каму интернети гарон, вале заиф, наметавонад кори фосилавӣ ва ё қарантинаи умумиро дигарбора ҷорӣ намояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...