-3.1 C
Dushanbe

Видоъи гумонбар дар қатли Исматуллоев бо модараш пеш аз марг

Рустам Ашӯров, гумонбар дар қатли муовини раиси “Ориёнбонк” пеш аз маргаш бо модараш видеоӣ занг зада, видоъ мекунад ва мегӯяд, “зиқ нашавед дар қиёмат вомехӯрем иншоаллоҳ”.

Имрӯз, 7-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори гуфтугӯи Рустам Ашӯров бо модараш нашр шуд, ки зоҳиран он баъд аз куштани ду маъмури амниятии Фурудгоҳи Кишинёви Молдова ва лаҳзае пеш аз ҳамла алайҳи худаш сабт шудааст.

Рустам Ашӯров дар ин навор ба модараш мегӯяд, ки ду маъмури амниятии фурӯдгоҳро куштааст. Ва ҳатто ҷасади хобидаи онҳоро нишон медиҳад.

Инчунин Афшӯров дар ин суҳбат иқрор мешавад, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбок”-ро ӯ ҳамроҳи як нафари дигар бо номи Дилшод СБ куштаанд. Вале ӯ мегӯяд, дар қатли Исматуллоев мустақим даст надорад.

Ин собиқ милисаи тоҷик дар суҳбат бо модараш мегӯяд, Дилшод чанде пеш ба ӯ гуфта будааст, ки “як одам ҳудуди 200 миллион доллар “Биткоин” дорад, биё ӯро медуздему “Биткоин”-ҳояшро мегирем ва худашро ҷавоб медиҳем.” Дар идома меафзояд, “рафтем унҷа, иқа задак задакша, ки мурд ӯ одам.”

Модараш аз Рустам мепурсад, ки “Ту вайя чӣ кор кардӣ?”, ӯ мегӯяд: “Ман ҳамроҳашон будам” модараш боз мепурсад, ки “Ту ягон кор кардӣ?” Рустам мегӯяд, “Не, ман фақат (пас аз мурдан ҷасадро) гирифта, дар дарёи Варзоб партофтам”.

Дар пайи расонаӣ шудани ин навор, корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, қазия бузургтар аз 200 миллион доллар “Биткоин” аст. Аксари корбарон фармоишгарони ин ҷинояти мудҳишро шахсони наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон тахмин мезананд.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик менависад, ки “ФАРМОИШГАРОН ОН ҚАДАР ТАЪСИРГУЗОРАНД, КИ ҚОТИЛОН МАРГРО АЗ ОШКОР КАРДАНИ ОНҲО БЕҲТАР МЕДОНАНД?

Ӯ дар идома навиштааст: “Рустам- яке аз қотилони муовини раиси Ориёнбонк, ки дар Молдова кушта шуд, зимни сӯҳбати охирин бо модараш мегӯяд, ҳамроҳаш – Дилшодро ҳам, ки ҳоло дар ҷустуҷӯст, “зинда намегиранд, худашро мекушад”.

Пас онҳо кадом асрори муҳимро бо худ бурданианд. Яъне масъала аз “гирифтани биткоин ба арзиши 100-200 миллион доллар”, ки дар ин сӯҳбат ишора мешавад, фаротар аст ва фармоишгарони ин ҷиноят он қадар таъсиргузоранд, ки инҳо маргро аз ошкор кардани онҳо беҳтар медонанд?

Ҳамзамон Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори тоҷик ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар паёме навишта, ки “Ба ғайр аз раис Ҳасан Асадуллозода ва ё хоҳарзодааш Зарина Раҳмон кӣ метавонад фармоишгари қатли Шуҳрат Исматуллозода бошад?

Ёдовар мешавем, ки Рустам Ашӯров, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон шоми 30-юми июн дар фурӯдгоҳи Кишинёв, замоне ки ба ӯ иҷозаи убур аз марзи ин кишварро надоданд, аз камари муовини сардори Нерӯҳои марзбонии Молдова дар фурӯдгоҳ Сергей Мунтияну туфангчашро гирфта, ӯ ва як маъмури бахши амниятиро кушт ва бар асари тирҳои ҷавобӣ Ашӯров захмӣ шуда, давоми се рӯз дар як бемористони ин кишвар дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт. Дар ниҳоят ӯ шаби 3-уми июли соли ҷорӣ даргузашт.

Рустам Ашӯровро дар Тоҷикистон дар ҷинояти рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” гунаҳкор медонанд ва алайҳаш парванда боз шуда буд.

Вазорати дохилаи Молдова ба хабарнигорон гуфт, ки “Мо муайян кардем, ки Рустам Ашӯров собиқ корманди милисаи Тоҷикистон буда ва дар ин сохтор 7 сол кор кардааст.” Инчунин гуфта мешавад, Ашӯров бо иттиҳоми ғоратгарӣ аз вазифа ронда шуда ва зиндонӣ ҳам шудааст.

Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи гузашта 3-уми июл аз вахим будани вазъи саломатии Ашӯров гузориш дода буаданд. Вале аксари ҷомеаи тоҷик зинда мондани ӯро орзу мекард, то сирри рабудан ва фармоишгарони ҷинояти қатли занҷираии муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев фош шавад.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба гумони даст доштан дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев 4 нафар аз собиқ афсарони ниҳодҳои қудратиро боздошт кардаанд.

Радиои Озодӣ аз манобеи худ дар ниҳодҳои интизомӣ ва наздик ба тафтишот хабар дод, ки собиқ афсарон “ҳамроҳ бо ҷинояткорони собиқадор ин одамрабоиро анҷом додаанд”.

Ба иттилои манбаъ, яке аз боздоштшудагон афсари собиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва Ожонси мубориза бо фасод будааст. “Ва як манбаи наздик ба хонаводаи Шуҳрат Исматуллоев мегӯяд, бо гумони ширкат дар ин ҷиноят як додситони собиқ низ боздошт шудааст.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон

Душанбе ва Исломобод қасд доранд, ки як роҳи тарнзитии...

Дар Русия имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон иҷборӣ мешавад

Думаи давлатии Русия аз лоиҳаи қонуне пуштибонӣ кард, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон барои қабул шудан дар мактабҳои ин кишвар бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд.

Имзои Ёдошти тафоҳум байни Тоҷикистону Покистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикии худ Ёдошти тафоҳум имзо мекунанд.

Тазоҳурот дар Дортмунд барои раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳ

10-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз фаъолони муқими Олмон бо талаби озодии Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд ҷамъ омаданд.