23.9 C
Dushanbe

ВКД: Дар як сол дар кишвар 766 ҷинояти террористӣ содир шудааст

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мегӯяд, ки дар соли 2021 аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстримистӣ дар ҳудуди Тоҷикистон рӯзона камаш 2 ва дар баъзе ҳолатҳо 3 ҷиноят содир кардаанд.

Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, “дар соли 2021 мақомоти корҳои дохилӣ 572 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстримистиро дар содир кардани 766 ҷиноят ба қайд гирифта аст.”

Вазири корҳои дохилӣ меафзояд, “аз ин 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.”

Тибқи оморҳои расмии ин вазорат, “инчунин 15 ҳолати маблағгузории терроризм, 4 сӯиқасд ва акти террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шуда, содиркунандагони онҳо дастгир карда шудаанд.”

Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар ин давра “50 нафар аз аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстримистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, бо амалӣ намудани чораҳои фаврӣ-ҷутуҷӯӣ ва дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ дастгир ва ба ватан баргардонида шуданд.”

Ба қавли Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботии соли 2021 75 нафар аз аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстримистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ дар дигар давлатҳои ҷангзада иштирок доштанд, бо роҳҳои таъсиррасонӣ ихтиёран ба хоҳиши хуб ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.