26.9 C
Dushanbe

Вокуниши 8 созмон ба таъқибу фишор болои зодагони Бадахшон

Ҳашт созмони байналмилалии ҳуқуқи башар бо нашри изҳороти муштарак аз идомаи таъқибу фишори системавии мақомоти Тоҷикистон алайҳи помириҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 4-уми августи соли ҷорӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки таъқиби помириҳо дар Тоҷикистон пас аз саркӯби эътирозҳои осоишта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар соли 2022 шадидтар шудааст.

Инчунин ин созмонҳо ба марги мармузи чаҳор фаъоли зодаи Бадахшон дар зиндонҳо вокуниш нишон дода, мегӯянд, ки сабаби марги Кулмамад Паллаеви 50-сола, Аслан Гулобови 35-сола, Музаффар Давлатмирови 61-сола ва Эроншо Мамадраҳимови 39-сола маҳрум намудан аз кумаки тиббии зарурӣ мебошад.

Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шароити номусоиди зиндонҳо, набудани дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва марги зиндониён дар боздоштгоҳҳо мушкили системавӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ёдовар мешаванд, ки дар эътирозҳои моҳи майи соли 2022 дар ВМКБ, ки интернет 100 рӯз қатъ шуда буд, мақомот тахминан 40 нафарро кушта ва 205 фаъолро боздошт кардаанд. Зиёда аз 20 фаъоли помирӣ аз Русия иҷборан баргардонида шуда, бо муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Гуфта мешавад, ба сабаби фишорҳои ҳукумат, солҳои 2022–2023 тахминан 50 ҳазор нафар — ё 25% аҳолии ВМКБ — маҷбур шуданд минтақаи худро тарк кунанд ва ҳазорон нафари онҳо паноҳанда дар Аврупо, ИМА ва Канада шуданд. Ҳамзамон пас аз соли 2022 фаъолтияти 700 созмони ғайридавлатӣ дар ин вилоят қатъ гардидааст.

Дар изҳороти ин 8 созмон гуфта мешавад, ки моҳи марти соли 2025, бо фармони Президенти Тоҷикистон 897 маҳбус афв шуд, вале ягон зодаи Бадахшон шомили афв нагашт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона озодии фаврии Фаромуз Иргашов, Манучеҳр Холиқназаров, Улфатхоним Мамадшоева, Хурсанд Мамадшоев ва Сорбон Юноевро талаб кардааст.

Дар изҳорот аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки ба таъқиби системавии зодагони Бадахшон хотима бахшида, ҳамаи маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигоронро озод кунад, шиканҷаро қатъ карда, дастрасии маҳбусонро ба кумаки тиббӣ таъмин созад ва ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва забонии помириёнро барқарор намояд.

Дар изҳороти муштараки созмонҳо аз СММ, ИА ва дигар кишварҳо даъват шуда, ки механизми мустақили тафтиши СММ роҳандозӣ шавад, то дастрасии созмонҳои байналмилалиро ба зиндонҳои Тоҷикистон фароҳам созад. Инчунин аз СММ хоста шуда, ки аз фишангҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ истифода намуда, Тоҷикистонро маҷбур созад, ки ҳама помириҳои худсарона боздоштшударо озод кунад.

Инчунин созмонҳо талаб кардаанд, ки аз давлатҳои ҳамсоя ва Русия хоста шавад, то дар таъқибҳои фаромиллӣ ширкат накунанд ва алайҳи мансабдорони масъули таъқибҳо таҳрим ва манъи сафар ҷорӣ намоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Зеленский: Зархаридони тоҷик дар сафи пеш бо мо меҷанганд

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар шабкаи иҷтимоии "Х" навишта, ки зархаридони тоҷик дар сафи пеши ҷабҳа аз ҷониби Русия бо мо меҷанганд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар як конфронси байналмилалӣ рӯзи 5-уми август вориди Туркманистон шуд.

Баррасии парвандаи ҳамлаи хунин ба “Крокус” дар додгоҳ

4-уми август Додгоҳи шаҳри Маскав пушти дарҳои баста муҳокимаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-ро оғоз кард.

Зиёд шудани задухӯрдҳо дар марз бо Афғонистон

Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2025 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 10 даргирии мусаллаҳона байни нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон ба қайд гирифта шудааст.