Вокуниши CPJ ба шиканҷаи Пирмуҳаммадзода дар боздоштгоҳ

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) бо нашри баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба номаи рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки дар он аз шиканҷа шуданаш дар боздоштгоҳ гуфта буд, “ҷавоби комилу қонеъкунанда” бидиҳанд.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки “бадрафториву таҳдиду эътирофи иттиҳом зери шиканҷа дар идораҳои интизомии Тоҷикистон гапи нав нест”, вале “бисёр нигаронкунанда ҳастанд ва ҷавоби комил ва қонеъкунандаи мақомотро талаб мекунанд”.

Дар идома ӯ аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки “суистифодаро аз пинҳонкорӣ дар парвандаҳои хабарнигорон бас кунанд, ки ҳуқуқи онҳоро ба таври дағалу нафратангез зери по мекунад”.

Чанде пеш Радиои Озодӣ номаи рӯзноманигори боздоштшуда Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро нашр кард, ки дар он ӯ мегуфт, ки зери азобу шиканҷаи зиёди муфаттишон, маҷбур шудааст гуноҳҳои нокардаро ба гардан бигирад.

Пайвандонаш низ дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, ки дар мулоқоти охир Пирмуҳаммадзода навиштани номаро тасдиқ карда гуфтааст, ки баъд аз нашри он нома мақомот ӯро бозпурсӣ карда, азият доданд.

Пештар аз ин пайвандони ин рӯзноманигори боздоштшуда рӯзи 9-уми октябри соли ҷорӣ шикоят карда буданд, ки Пирмуҳаммадзода “зери фишор” ба гуноҳ “иқрор кардааст” ва аз мақомот хостанд, онро аз эътибор соқит кунанд.

Дар ҳамин ҳол Файзалӣ Давлатзода, корманди Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 25-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то имрӯз “аз журналистони боздоштшуда, аз ҷумла Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳеч шикояте дар бораи эҳтимоли шиканҷа ё бадрафторӣ нагирифтанд.” Аммо Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар баёнияаш мегӯяд, ки барои шарҳ ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон номаи электронӣ ирсол карда буданд, вале посухе нагирифтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус тобистони соли ҷорӣ чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ, ки якумӣ ба 7.5 сол ва дувумӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон (7 соли зиндон) ва чанд тани дигарро боздошту зиндонӣ карданд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар раҳои рӯзноманигорони зиндониро талаб доранд, аммо мақомот мисли ҳамеша ба ин талаби созмонҳо эътибор намедиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...