Вокуниши Қирғизистон ба изҳороти КДАМ-и Тоҷикистон

Нирӯҳои марзбонии Қирғизистон изҳороти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро рад кардааст.

Шоми 19-уми октябри соли 2022, Нирӯҳои марзбонии Қирғизистон бо нашри як изҳорот иддаоҳои ҷониби Тоҷикистонро, ки ҳамроҳи аксу наворҳо ҳамчун далел нашр шуда буд, рад кардааст.

Ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро пурра рад карда, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро ба “дониста таҳриф кардани маълумот” ва “таҳрик додани сокинони манотиқи наздимарзӣ” муттаҳам карда гуфтааст, ки “иттилооти дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон овардашуда комилан воқеият надорад.”

Субҳи 19-уми октябри соли ҷорӣ Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо пешниҳоди беш аз 20 факту рақамҳо кишвари ҳамсояро ба омода шудан ба “низоъҳои нав” муттаҳам карда гуфта буд, “ҷониби Қирғизистон ба амалҳои иғвоангезона даст зада, ҳадафаш шиддатнок намудани вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мебошад.”

Аммо шоми ҳамин рӯз Нирӯҳои марзбонии Қирғизистон дар изҳораташ ҷониби Тоҷикистонро ба нусхабардорӣ аз ахбори онҳо ва табдили номи кишварҳо муттаҳам карда гуфт, ки “ҳайратовар аст, ки ҷониби Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки тақрибан тамоми иқдомоти худ барои таҳкими марз дар манотиқи марзии Тоҷикистонро ба марзбонони Қирғизистон “нисбат” диҳад.

Гуфта мешавад, низоъҳои марзӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар манотиқи наздмарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 10 соли ахир ба яке аз мушкилоти асосӣ барои ҳар ду ҷониб табдил ёфтааст.

Ба гуфтаи мақомоти ҳар ду кишвар, танҳо дар ҳодисаҳои 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ аз ҳарду ҷониб беш аз 170 нафар кушта ва ҳудуди 400 нафари дигар захмӣ шуда буд. Аммо дар бораи ҳаҷми зарарҳое, ки барои сокинони ҳар ду ҷониб расида, маълумоти мувассақе то ҳол нашр нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.