Дар шабакаҳои иҷтимоӣ тақрибан ҳар рӯз наворе аз боздошти ҷавонон дар кӯчаҳои Душанбе нашр мешавад. Аксар корбарон онро сарбозшикор ё “Облава” меноманд, аммо мақомот мегӯяд, “Облава” вуҷуд надорад. Акс: ИнтернетАкс аз навори корбар аз Фейсбук Корбаре бо номи Fardoi Tojikiston дар Фейсбук наворе аз лаҳзаи боздошти як ҷавон, ки зоҳиран донишҷӯ аст, нашр кард. Дида […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ тақрибан ҳар рӯз наворе аз боздошти ҷавонон дар кӯчаҳои Душанбе нашр мешавад. Аксар корбарон онро сарбозшикор ё “Облава” меноманд, аммо мақомот мегӯяд, “Облава” вуҷуд надорад.
Акс: ИнтернетАкс аз навори корбар аз Фейсбук
Корбаре бо номи Fardoi Tojikiston дар Фейсбук наворе аз лаҳзаи боздошти як ҷавон, ки зоҳиран донишҷӯ аст, нашр кард. Дида мешавад, се нафар ӯро зӯран ба мошини таксии 3333 савор мекунанд ва он ҷавон бо овози баланд гиря мекунад. Дар зери ин навор бештар аз 300 шарҳ навишта шудааст.
Дар шарҳҳои зери навор зане бо номи Наргис Рахматшоева аз ҷавони боздоштшуда Шоҳрух ном мебарад ва мегӯяд шогирдаш асту корманди ТВ “Душанбе” будааст. Ӯ афзуда, ки Шоҳрух баъди боздошт ба комиссариати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бурда шудааст.