Хабаргузории “Азия Плюс“ бо нашри як гузориши муфассал дар ин бора хабар дод, ки “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бар асоси шикояти шавҳари Шоҳида Маҳмадҷонова, ки гуфта мешавад чанд рӯз боз нопадид аст, барои муайян намудани макони нигоҳдорӣ ва таҳқиқи қазияи ӯ вакили дифоъ ҷудо кардааст.”
Ҳамзамон Идимоҳ Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷонова ба расонаҳо гуфтааст, ки 7-уми феврал барои пайдо кардани духтараш ба Дастгоҳи иҷроия Президент, Прокуратураи генералӣ ва Омбудсмени Тоҷикистон муроҷиат кардааст, аммо то ҳол посухе нагирифтааст.
Инчунин хеле аз фаъолони сиёсӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба ин қазия дахл карда, аз он ҷумла журналист ва шоир Зафари Суфӣ, ва хабарнигор Амруллоҳи Низом ҳам бо нашри матолибе ин боздоштро маҳкум карда, аз мардум хостаанд, ки бетераф набошанд.
Аз ҷониби дигар чанде аз мувофиқони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вақтҳои ҳассос баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтар мешаванд, аз он ҷумла Абдуқодир Талбаков, раиси Китобхонаи бачагонаи шаҳри Душанбе бо номи Абулқосим Лоҳитӣ бо коштани тавҳину таҳқир ва туҳмат алайҳи Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 писари Шоҳида Маҳмадҷонова ва дигар раҳбарони мухолифин пардохта, мегӯянд, ки писар бояд ба Ватан баргашта дар чунин рӯзҳои сахт канори модараш бошад.
Онҳо мегӯянд, Абдурраҳмон-09 бояд ба Ватан баргашта канори модараш бошад, ҳамон гапи мақомотро бо ибораи дигар такрор кардан аст, ки борҳо аз вай хоста буданд, ба Ватан баргардад, то мавриди афв мақомот қарор бигирад, аммо ин дафъа вақте канори модар мегӯянд, зоҳиран маълум мешавад, ки кор аз кор гузашта мехоҳанд мустақим ӯро ба зиндон назди модараш фиристанд.
Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ ба шӯъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз ҳамон ҷо бедарак гардид ва бо гузашти 6 рӯз то ҳол мақомот аз додани маълумот дар бораи дар куҷо будан ва дар чӣ вазъият қарор доштани ӯ ҳеч чиз намегӯянд.