33.9 C
Dushanbe

Вокуниши Русия ба ихроҷи дипломатҳояш аз кишварҳои аврупоӣ

Олмон пас аз расонаӣ шудани аксу наворҳои кушаташудаҳои шаҳраки Бучaи Украина ва иттиҳоми Русия ба “наслкушӣ” 40 дипломати русро ихроҷ кард.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои Хабаргузории “Мавҷи Олмон”(Deutsche Welle), “давлати Олмон дар вокуниш ба ҷинояти ҷангӣ дар Бучa 40 дипломати Русияро ихроҷ кард. Вазири хориҷии Олмон ин афродро “номатлуб” ва ҳамкори созмонҳои иттилоотии Русия хонд. Фаронса низ эълом кард мехоҳад 35 дипломати русро ихроҷ кунад.”

4-уми апрели соли 2022 Вазорати корҳои хориҷии Олмон Сафири Русия Сергей Нечаевро эҳзор ва пас аз суҳбати кӯтоҳ ба вай гуфтааст, 40 дипломати рус афроди номатлуб ташхис дода шудаанд ва бояд тайи панҷ рӯзи оянда кишварро тарк кунанд.

Инчунин Хабаргузории давлатии Русия “Тасс” низ иттилоъ дода, ки Итолия ҳам эълон карда, ки дар пайравӣ ба Олмону Фаронса қасд дорад, даҳҳо дипломати Русияро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кунад.

Дар вокуниш ба ин Мария Захарова, Сухангӯи Вазорати хориҷии Русия гуфтааст: “Русия ҳатман ба амалкарди Олмон, ки 40 корманди намояндагии дипломатии Русияро “афроди номатлуб” эълон кардааст, посух медиҳад.”

29-уми марти соли ҷорӣ Белгия, Ирландия ва Нидерландия ҳам эълон карда буданд, ки дар пасманзари ҳамалоти ваҳшиёнаи Русия ба Украина 43 дипломати русро ихроҷ мекунанд.

Аммо Дмитрий Медведов, собиқ президент ва муовини раиси Шӯрои амнияти Русия қавл дода, ки посухи Русия нисбати ин кишварҳо ҳамсон хоҳад буд. Вай афзуда, бо вуҷуди он ки ин кор “барои равобити дуҷониба харобиовар аст”, дипломатҳои аврупоӣ бояд кори нав ҷустуҷӯ кунанд. Дар баробари ин, дар Русия, ба гуфтаи Дмитрий Анатолевич, чизе дигар намешавад.”

Пеш аз ин, 22-уми марти соли 2022 Станислав Зарин, Сухангӯи Хадамоти амнияти дохилии Лаҳистон ба хабарнигорон гуфта буд, ки ин ниҳод “45 нафар аз афсарони Хадамоти махфии Русия ва афроди муртабит ба онҳоро, ки дар Лаҳистон мақоми дипломатӣ доранд, шиносоӣ кардааст.” Инчунин кишварҳои Литва, Латвия, Эстония, Булғористону Словакия ва Ҷумҳурии Чех ҳам аз даҳҳо дипломати рус хоста буданд, ки хоки кишварҳояшонро тарк кунанд.

Муносибати аксари кишварҳои ҷаҳон, ба хусус давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина тира шуд ва дар муддати 40 рӯзи ахир равобити ин кишварҳо бо Русия рӯз то рӯз сардтар мешавад.

Ҳамзамон мақомоти Украина, кишварҳои ғарбӣ бо шумули Амрико, Олмону Фаронса ва Бритония нерӯҳои Русияро ба наслкушӣ дар шаҳраки Бучаи Украина муттаҳам карданд. Аммо мақомоти Русия ин иттиҳомро рад карда, мегӯянд, ки ин кори дастгоҳи таблиғотии Киев алайҳи Маскав мебошад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.