Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки рӯзи 28-уми апрел нашр шудааст, зикр гардида, ки “То охири рӯзи 27 апрел дар минтақаи нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои пойтахти Русия 954 шаҳрванди Тоҷикистон бидуни таъмини шароити муносиби санитарӣ қарор доранд.

Дар ин изҳороти вазорат таъкид мешавад, ки ҳатто дар байни шаҳрвандони дармонда дар Фурӯдгоҳои Внуково донишҷӯёни тоҷике ҳастанд, ки дар Русия аз ҳисоби квотаҳои таълимии ин кишвар таҳсил мекунанд. Бо вуҷуди он ки муҳоҷири корӣ нестанд, боз ҳам ба онҳо барои ворид шудан ба Русия роҳ дода намешаванд.

Гуфта мешавад, то кунун баъд аз интизориҳои зиёд мақомоти ин кишвар танҳо ба 322 нафар иҷозати вуруд додаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мақомоти Русия қасд доранд 306 нафарро ба “рӯйхати хориҷшудагон” ворид кунанд. Ва шумори онҳое, ки аллакай ихроҷ шудаанд, 27 нафарро ташкил медиҳад.

Вазорат таъкид мекунад, ки “чунин чораҳои маҳдудкунанда танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.”

Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон вазъи муҳоҷирони тоҷикро дар фурудгоҳҳои Жуковский, Домодедово ва Шереметевои пойтахти Русия “мураккаб” хонда, мегӯяд, ки “даҳҳо тоҷикистонӣ дар минтақаҳои нигоҳдории шаҳрвандон бе шароити зарурӣ қарор доранд.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иддао дорад, ки ба мардуми дармондаи тоҷик сафорат ва намояндагони дипломатии Тоҷикистон кумак расонида истодаанд ва барои “расондани кумаки зарурӣ ба ҳамватанон дар маҳал намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Москва ситоди фаврии шабонарӯзӣ таъсис додааст.”

Аммо шаҳрвандони дармонда аз дохили фурӯдгоҳҳо наворҳо сабт карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, ки дар онҳо гуфта мешавад, занони тоҷик ва дигар мардуми оддӣ барои шаҳрвандони дармонда аз ҳисоби худашон хӯрок ва дигар кумакҳои заруриро мерасонанд.

Дар ҳамин ҳол “Азия-Плюс” аз қавли Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навишт, ки вазорат “сафири Русия дар кишвар Сергей Григоревро даъват карда, дар робита ба банд мондани садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии Русия, инчунин поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо нотаи эътирозӣ супорид.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, зани маъюби 58-сола иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.

Аврупо бар зидди муҳоҷирон сахтгиртар мешавад

Парлумони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 17-уми июн қонуни наверо тасвиб кард, ки тағйироти сахтгиронатаре дар сиёсати муҳоҷиратии ин иттиҳод дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит аз шиканҷа шудани ӯ дар зиндон хабар медиҳанд

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит, зиндонии сиёсӣ ва собиқ муовини раиси НИТ аз вазъ ва шароити нигаҳдории ӯ дар зиндон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Трамп ва Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ИМА ва Эронро имзо карданд

Президенти Амрико Доналд Трамп ва президенти Эрон Масъуд Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ду кишварро имзо кардаанд.