Вокуниши ВКД ба расонаҳо дар бораи муттаҳам будани кормандони БДА

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия талош кардааст, ки пеш аз ба анҷом расидани таҳқиқ ва тафтиши парвандаи марги 6 нафар мусофирон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони БДА-ро сафед кунад.

Вазорати корҳои дохилӣ дар ин иттилоияи худ номи шаш нафар мусофироне, ки 21-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ рух дода буд, мегӯяд: “Дар натиҷаи ин садама худи ронанда ва 5 нафар мусофиронаш ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Менгиқулов Ҷӯрабек Очилдиевич, соли таваллудаш 1979, Менгиқулов Ҳусейн Ҷӯрабекович, соли таваллудаш 2004, сокинони ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.”

Пеш аз ин Azdo tv ва бархе дигар аз расонаҳо дар Тоҷикистон бо такя ба манобеи мухталиф хабар дода буданд, ки тамоми 7 нафар мусофирон пас аз садама, ки мошини онҳо ба рӯдхона афтода, ғарқ шуда буд, ҷон бохтанд. Бархе аз шоҳидони ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буданд, ки ҷасади 4 нафарро пайдо карда, ҷустуҷӯи дигарон идома дорад.

Он замон Радиои Озодӣ ҳам бо нашри як гузориш аз қавли яке аз шоҳидони ин ҳодиса кормандони БДА-ро дар ин ҳодиса муттаҳам карда, гуфт: “мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардани ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд ба садама дучор шудааст.“

Дар навори нашршудае, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокунишҳоро ба вуҷуд оварда, то ҳол идома дорад, дида мешавад, ки афроди зиёде барои кумак ба онҳо дар дохили рӯдхона ва соҳили он ҷамъ шудаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҳам гуфтааст, ки ҷасади 4 нафар аз ин мусофирон пайдо шуда, ҷустуҷӯйи дигарон идома дорад.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои дохилӣ дар аксар маврид павайста талош мекунад, ки кормандони муттаҳами худашро ба ҷиноят “бегуноҳ” муаррифӣ кунад. Дар ин парванда ҳам бо вуҷуди он, ки “аз ҷониби Прокуратураи вилояти Хатлон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад”, вале бо сӯиистифода аз ваколатҳои худ дар рафти тафтишот халал ворид карда, талош кардааст, ки қурбониёни ин ҳодисаро муҷрим ва кормандони худашро бегуноҳ муаррифӣ кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.