22.9 C
Dushanbe

Вокунишҳо ба ҳамлаи мушакии Эрон ба Арбили Ироқ

Субҳи дирӯз Сипоҳи посдорони инқлоби исломии Эрон минтақаеро дар қаламрави маркази маъмурии Курдистони Ироқ, шаҳри Арбил мушакборон кард.

Ба гузориши расонаҳои хабарии Ироқ ва ҷаҳон бомдоди 13-уми марти соли ҷорӣ, соати 01:20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон минтақаеро дар шаҳри Арбили Ироқ мавриди ҳадаф қарор дод.

Ба гуфтаи ББС, Шӯрои вазирони минтақаи Курдистони Ироқ дар баёнияе эълом карда, ки “ҳамлаи мушакии “буздилона” ба баҳонаи ҳадаф қарор додани як маркази исроилӣ дар наздикии Консулгарии Амрико, минтақаҳои ғайри низомиро ҳадаф гирифтааст.”

Аммо баъд аз ин вокуниши Шӯрои вазирони минтақаи Курдистони Ироқ Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо нашри як иттилоия хабар дод, ки “шаби гузашта маркази роҳбурдии тавтиа ва шарорати саҳюнистҳо мавриди ҳадафи мушакҳои қудратманд ва нуқтазани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт” ва таъкид кард, ки “такрори ҳар гуна шарорат бо посухҳои сахт, қотеъ ва вайронгар мувоҷеҳ хоҳад шуд.”

Ҳукумати марказии Ироқ ҳам ин ҳамлаи мушакиро маҳкум карда, гуфт ҳамла ба митақаи аҳолинишин сурат гирифтааст ва Вазорати хориҷии Ироқ ҳам сафири Эронро даъват кард ва номаи эътирозии кишварашро ба вай супорид.

Амрико, Миср ва Туркия ин ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони Эронро маҳкум карда, онро “ғайри қобили қабул” донистанд. Вошенгтон гуфт, ки дар ин ҳамла касе осеб надидааст, аммо ирмӯз эълон карда, ки машғули музокира бо ҳукумати марказии Ироқ ва раҳбарони Курдистон “барои тақвияти дифоъи зидди мушакии онҳост.”

Ҳамзамон пойгоҳи ироқии “Алмаълума хабар дода, ки Ҳизбуллоҳи Ироқ бо нашри як баёния гуфтааст: “Дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Эрон ба як маркази пешрафтаи исроилӣ дар Арбил чанд афсари созмони Мусоди исроилӣ кушта ва чанд каси дигар захмӣ шудааст.” ва ҳушдор дода, ки “ин иқдом аз оғози як марҳилаи дигаре аз даргириҳо дар қаламрави Ироқ хабар медиҳад.”

Гуфта мешавад, ин ҳамлаи мушакии Эрон ба Ироқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бо вокунишҳои зиёде аз ҷониби корбарон рӯбарӯ шудааст. Қисме аз корбарон аз Эрону Амрико ва Исроил интиқод карда гуфтаанд, ки ҷангҳои ниёбатии худро дар кишварҳои дигар багузор мекунанд ва қисме ҳам Ироқро мавриди ҳадаф қарор дода гуфтаанд, ки набояд иҷозат медод, ки пойгоҳи низомии хориҷии муқими муқими Ироқ ба кишвари дигар ҳамла мекарданд.

Ин ҳамлаи мушакии Эрон ба Арбили Ироқ дар радди ҳамлаи таёраҳои бидуни сарнишини исроилӣ аз хоки Ироқ ба Эрон сурат гирифтааст, ки чанде пеш амалӣ шуда буд. Исроил дар ҳамлаи дигар дар Димишқ ҳафтае пеш ду афсари эрониро ба қатл расонида буд, дар ҳар ду маврид Эрон ҳушдор дода буд, ки ин ҷиноятҳоро бепосух намегузорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.