10.9 C
Dushanbe

Як омӯзгор “нопадид” шудаасту мақомдори ВКД боздошт

Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистонро пайвандону ҳамкоронаш беш аз як ҳафта наметавонанд пайдо кунанд

Дар робита ба ин қазия Додситонии кулли Тоҷикистон сарҳанг Акмал Юсуфзода, ёвари Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилиро бо иттиҳоми “одамрабоӣ” боздошт кардааст. 

Дирӯз, 19-уми июн Радиои Озодӣ навореро нашр кард, ки дар он дида мешавад ду нафар Исмоил Раҳмоновро кашола карда ба куҷое мебаранд. 

Ин ҳодиса рӯзи 12-уми июн дар маҳаллаи “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе ва замоне рух додааст, ки ин омӯзгор аз хонаи хоҳараш мебаромадааст. 

Аз ин ҳодиса беш аз як ҳафта гузаштааст, вале то ҳол аз омӯзгори донишгоҳ Исмоил Раҳмонов хабаре нест. Мақомоти тафтишотӣ кушта шудани омӯзгорро аз эҳтимол дур намедонанд. 

Мақомот аз пайвандони ин омӯзгор забонхат гирифтаанд то бо расонаҳо суҳбат накунанд. 

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ дар нопадид шудани Исмоил Раҳмонов мақомдори баландпояи ВКД Акмал Юсуфзода даст дорад ва маҳз ӯ ин омӯзгорро “зӯран ба мошин савор карда, ба самти номаълум бурдааст”.

Як манбаъ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфта, ки Акмал Юсуфзода дар бозпурсиҳои аввал гуфтааст, гуё омӯзгорро то ҳудуди ноҳияи Варзоб бурда, дар онҷо раҳо кард, “вале метавонад ҳақиқат набошад”. 

Ба иттилои дарёфтӣ, наздиконаш ӯро дар соҳилҳои дарёи Зарафшон низ ҷустуҷӯ доранд.

Дар бораи нафари дуюм, ки дар навор дида мешавад ин омӯзгорро кашола карда мебарад, то ҳол маълумоте дода нашудааст. 

Гуфта мешавад, ҳамсари Акмал Юсуфзода ва Исмоил Раҳмонов дар Донишгоҳи тиҷорат кор мекардаанд. Раҳмонов аз ихтисоси менеҷмент дарс мегуфт, ҳамсари полковник аз забони англисӣ.

Ба гуфтаи шоҳидон мегӯянд, чӣ моҷарое миёни ду ҳамкор сар зада, полковник шабона ӯро барои суҳбат даъват карда будааст.

Дар Донишгоҳ низ тасдиқ кардаанд, ки беш аз як ҳафта аст Исмоил Раҳмонов ба ҷойи кораш наомадааст. 

Ба гуфтаи огаҳони умур, чун дар Тоҷикистон ба кормандони мақомотҳои интизомӣ ва амниятӣ салоҳиятҳои аз ҳад беш дода шудааст, кормандони ин ниҳодҳо бештар аз ҳама даст ба ҷиноятҳои вазнин мезананд, аммо дар аксар ҳолат ҷинояти содиркардаашон рӯйпуш мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.