Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳизби ҳоким рӯнамоӣ шуд

Дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон китоби нави Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” муаррифӣ гардид.

Тибқи иттилои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, китоб дар нашриёти “Ирфон” бо теъдоди 7 ҳазор нусха ба табъ расида, таърихи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши он дар даврони истиқлол ва маҷмуи суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад.

Роҳбарияти ҳизб мегӯяд, ин асар дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолиро инъикос намуда, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар рушди кишвар нишон медиҳад.

Нашри ин китоб дар ҳоле сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир даҳҳо китоб ва маҷмуаи суханронӣ нашр кардааст. Ин осор пайваста аз ҷониби мақомоти давлатӣ, расонаҳои расмӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ таблиғ ва муаррифӣ мешаванд.

Дар баробари ин, мухолифони ҳукумати Тоҷикистон навишта шудани чунин китобҳо аз ҷониби худи Эмомалиро ба шубҳа менигаранд ва ба назари онҳо чунин китобҳо аз ҷониби ниҳодҳои масъул навишта ва ба номи ӯ нашр мешаванд. Мунтақидон чуниин таълифотро бештар василаи таблиғи шахсияти президент ва ҳизби ҳоким медонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин гуна асарҳо рӯйдодҳои сиёсӣ якҷониба инъикос шуда, нақши дигар нерӯҳои сиёсӣ ва воқеаҳои баҳсбарангези таърихи муосири кишвар нодида гирифта мешавад.

Мунтақидон ҳамчунин мегӯянд, ки дар шароите, ки фазои сиёсӣ маҳдуд буда, аксари ҳизбҳои мухолиф фаъолият надоранд ё манъ шудаанд, нашри пайвастаи китобҳои ситоишомези президент аз ҳисоби имкониятҳои давлатӣ, бештар ба таҳкими шахсиятпарастӣ мусоидат мекунад, на ба рушди баҳси озоди илмӣ ва таърихӣ.

Мақомоти Тоҷикистон ин интиқодҳоро рад мекунанд ва таъкид доранд, ки китобҳои Эмомалӣ Раҳмон бар пояи воқеиятҳои таърихӣ навишта шуда, барои омӯзиши давраи истиқлол ва рушди давлатдорӣ аҳамияти илмӣ ва сиёсӣ доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.