Як шаҳрванди Тоҷикистон моҳи панҷум аст, ки дар минтақаи бетараф байни гузаргоҳҳои марзии “Верхний Ларс”-и Русия ва “Даряли”-и Гурҷистон дармонда, саргардон аст.
Бино ба иттилои “Radio Tavisupleba”, Алан Ғатсоеви 45-cолаи осенитабор, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад, бинобар вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷиратӣ ба Русия роҳ дода нашудааст ва кишвари Гурҷистон низ ба ӯ иҷозати вуруд надодаву бозпасаш гардондааст ва ҳамин тавр, ин мард байни ду кишвар дармондааст.
Гуфта мешавад, Ғатсоев панҷ моҳ аст, ки дар дохили автомашинаи вайроншудаи тамғаи “Audi” зиндагӣ дорад. Ва дар курсии қафои мошин хоб мераваду назди курсии мусофир плитаи газӣ монда, дар он хӯрок мепазад. Ӯ ғизоро асосан аз ронандагони мошинҳое мегирад, ки аз гузаргоҳ мегузаранд.
Вазъи саломатии ин шаҳрванди Тоҷикистон нигаронкунанда аст, зеро диабети қанд дорад ва пас аз сактаи дил ба ӯ “стент” гузоштаанд. Ба гуфтаи ин мард, тобистон шароит таҳаммулпазир буда, аммо бо сардиҳо вазъият барои саломатии ӯ хатарнок хоҳад шуд.
Ғатсоев падари шаш фарзанд буда, падару модараш дар Осетияи Шимолӣ дафн шудаанд ва хешовандонаш дар Владикавказ зиндагӣ мекунанд, аммо мақомоти Русия иҷозати вурудро ба ӯ намедиҳанд.
Ба иддаои Вазорати корҳои дохилии Осетияи Шимолӣ, Ғатсоев якчанд маротиба барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷиратӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст ва ба Русия ворид шуданаш аз соли 2021 манъ шудааст. Соли 2025 ӯ кӯшиш карда, ин қарорро дар додгоҳ бекор кунад, аммо додгоҳ манъи вурудро “қонунӣ ва асоснок” эътироф намудааст.
Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон низ то ҳол сабаби роҳ надодани ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба хоки Гурҷистон шарҳ надодааст. Инчунин маълумоте дар бораи дахолати мақомоти Тоҷикистон дар ин қазия вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи шахсони огоҳ, Тоҷикистон дар Гурҷистон сафорат надорад ва танҳо консулгарии фахрии кишвар дар Батуми фаъол аст, ки вазъияти Алан Ғатсоевро боз ҳам душвортар мекунад.
