10.9 C
Dushanbe

Як тоҷик президенти Амрико шуданист

Як зодаи Тоҷикистон дар Амрико тасмим гирифтааст, ки ба сурати худпешбарӣ барои президент шудан бо Ҷо Бойдан ва Трамп вориди рақобатҳои сиёсӣ шавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, ин мард Дилшод Бурҳонови 42-сола, зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон мебошад.

Ба қавли манбаъ, Дилшод Бурҳонов ҳамчун номзади мустақил ба сурати худпешбарӣ мехоҳад вориди рақобатҳои сиёсӣ шуда, барои соҳиб ба курсии президентӣ бо дигарон рақобат кунад.

Ин зодаи Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботии худ се аслро қарор дода, мехоҳад пас аз пирӯз шудан бо инҳисоргарон мубориза карда, нархи захираҳои табииро ба танзим дарорад. Инчунин таблиғоти ҳамҷинсгароӣ дар мактабҳоро мамнуъ эълон кунад.

Гуфта мешавад, интихоботи президентӣ дар Амрико моҳи ноябри соли 2024 баргузор мегардад. Аммо аз ҳоли ҳозир номзадҳои зиёде ба хотири сабти ном кардан эъломи омодагӣ кардаанд.

Дар ин маъракаи муҳими сиёсии Амрико ба ғайр аз номзадҳои ду ҳизби асосии ин кишвар Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ шанси дигарон барои пирӯзӣ хеле кам ва дар хеле мавридҳо ғайри имкон аст, вале шаҳрвандони зиёде ҳамчун номзадҳои мустақил ба сурати худпешбарӣ мехоҳанд барномаҳои худро муаррифӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бо кадом ҷурм сардабири “Пайк”-ро ифротӣ эълон карданд?

Дар парвандаи рӯзноманигорои боздоштшуда Аҳмади Иброҳим иттиҳоми "ифротгароӣ"-ро изофа карданд.

Бо кушта шудани Яҳё Синвор дар Ховари Миёна чӣ чиз тағйир меёбад?

Рӯзи панҷшанбе, 17-уми октябр артиши Исроил хабар дод, ки дар як даргирӣ дар шаҳри Рафаҳи Ғазза Яҳё Синвор, раҳбари сиёсии ҲАМОС-ро куштааст.

Вокуниши мухолифин ба зиндонӣ шудани раҳбарони “Гурӯҳи 24”

Бархе аз созмонҳои мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудани намояндагони "Гурӯҳи 24" вокуниш карданд.

Додгоҳ раҳбарони “Гурӯҳи 24”-ро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе раҳбари "Гурӯҳи 24" Суҳроби Зафар ва узви ин гурӯҳ Насимҷон Шарифовро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.