26.9 C
Dushanbe

Як зани дигар бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз “Ислоҳ.нет” ва “ПМТ” боздошт шуд

Додситонии кулли кишвар аз боздошт ва боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати як зани 34-сола бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” ва ҷонибдорӣ аз Паймони Миллии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои додситонӣ, Ҷумъаева М.Х., ки қаблан дар Тоҷикистон барои авбошӣ, қасдан несту нобуд кардани молу мулки бегона ва тамаъҷӯӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, гӯё “аз аввалҳои соли 2023 дар шабакаи интернетии “Ютуб” тавассути барномаҳои “Ислоҳ-ТВ”, “Паймони миллӣ” ва “Минбари муҳоҷир” баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, узви “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро пайваста тамошо мекардааст”.

Ба гуфтаи Додситонӣ, хонум Ҷумъаева дар Русия барои қочоқи маводи мухаддир низ зиндонӣ шуда будааст.

Инчунин ба иддаои Додситонӣ, Ҷумъаева дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” бо номи “Момлидж Сосгмли” саҳифа кушода, дар он низ суханҳои Муҳаммадиқболи Садриддинрро тавассути навиштани шарҳу тавзеҳот ҷонибдорӣ намудаааст ва “аз моҳи августи соли 2023 инҷониб, тавассути барномаи “Ватсап” зиёда аз даҳ маротиба бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аксҳои худро ирсол кардааст”.

Додситонии кулли Тоҷикистон хулоса баровардааст, ки мазмун ва муҳтавои шарҳу суҳбатҳои шаҳрванд Ҷумаева М.Х. дорои нишонаҳои мусоидат ва дастгирии Паймони Миллии Тоҷикистонро дорад ва 19-уми октябри соли ҷорӣ, додситонии ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба Ҷумаева М.Х. бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии умҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаааст.

То ҳол назари хонум Ҷумъаева ва вакили дифоаш дастраси расонаҳо нест. Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин имрӯз дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ин зан бо мо ҳеч ҳамкорӣ надошт. Вале ӯ таъкид кард, ки нафаре, ки алайҳи ин зан парванда боз кардааст, мунтазири “сюрприз”-и ман бошад.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мақомдорони тоҷик сокинони кишварро бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнӯъ” боздошт мекунанд.

12-уми июни соли ҷорӣ Додгоҳи вилояти Суғд Муҳиба Давроноваи 42-солаи сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” барои 18 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.

Инчунин аввали моҳи майи соли ҷорӣ низ мақомоти амниятии шаҳри Исфара Камолиддин Шарофови 70-соларо, ки гуфта будааст, ба Радиои Озодӣ ва “Ислоҳ тв” аз рӯи рафтори ғайриқонунии кормандони комиссарияти ҳарбӣ шикоят менависад, боздошт карда буданд.

Ҳамзамон моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон Мавлуда Боймуродзода, мудири пешини маорифи ноҳияи Панҷ, Зоидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия мазкур ва Абдураҳмон Иззатмандов, хабарнигори телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо”-ро, ки гӯё онҳо аз вазъи маориф дар ноҳияи Панҷ ба шабакаи “Ислоҳ ТВ” шикоят кардаанд, зиндонӣ кард.

Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар суҳбат бо Azda tv ҳамкорӣ бо ин афродро рад карда буд. Ин пойгоҳ, ки пайваста дар бораи мушкилоти мавҷуд ва рафторҳои ғайриқонунии мақомоти тоҷик маводҳо нашр мекунад, дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда, мақомоти тоҷик нафарони зиёдеро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо он зиндонӣ кардаанд.

Мудири пойгоҳи мазкур ба Azda tv гуфта буд, ки “Ҳеч вақт ин нафарон бо мо дар тамос набуданд ва ҳеч маълумоте ҳам ба мо фиристогӣ нестанд.” Ӯ инчунин дар идома афзуда буд, ки “мақомдорон барои тарс додани сокинони кишвар чанд маротиба шуда, ки чунин кореро анҷом медиҳанд“.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.

Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикаи минтақа мепайвандад

Тоҷикистон қасд дорад дар моҳи майи соли ҷорӣ ба низоми ягонаи энергетикаи минтақа бипайвандад. Дар ин бора расонаҳои узбекистонӣ хабар медиҳанд.

Ихроҷи 10 муҳоҷири тоҷик аз Русия

Мақомоти Русия аз Славянск-на-Кубании вилояти Краснодар 10 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ мекунанд.

Афзоиши мавҷи нави муҳоҷират ба Олмон

Ба иттилои мақомоти Олмон, рӯзона то 700 паноҳҷӯи ҷадид ба ин кишвар ворид мешавад.