Дар шаҳри Душанбе “Конфронси сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақил (ИДМ) дар бораи терроризм ва ифротгароӣ” баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ин конфронс бо ташаббуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва Маркази зидди террористии ИДМ рӯзи 23-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гашта, то рӯзи 24-уми октябр идома меёбад. Дар он 150 ҳайат аз кишварҳои ИДМ ва кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ширкат карданд.
Масъалаи аслии ҷаласа баррасии вазъияти амниятӣ дар минтақа, омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ, ки ба тавсеаи фаъолиятҳои террористӣ таъсир мерасонанд, буд. Ҳамчунин атрофи истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар ин нишаст изҳор дошта, ки созмонҳои террористӣ муҳоҷирони кориро ҳамчун гурӯҳи осебпазир истифода бурда, онҳоро ба фаъолияти ифротгароёна ҷалб мекунанд.
Ба гуфтаи Ятимов, дар солҳои охир созмонҳои ифротгаро ва террористӣ кӯшиш доранд, вазъияти амниятиро дар минтақа ноустувор гардонанд. Ӯ таъкид карда, ки ин гурӯҳҳо дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ “инфраструктураи хобидаи худ”-ро ташкил додаанд ва бо ҷиноятҳои киберӣ ва трансмиллӣ иртибот доранд.
“Ҷалб асосан аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ сурат мегирад, зеро онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ заифанд. Бо истифода аз муҳити фарҳангӣ ва динии минтақа, гурӯҳҳои ифротгаро мекӯшанд миёни онҳо идеологияи радикалиро паҳн созанд”, — афзуд Ятимов.
Раҳбари КДАМ-и Тоҷикистон ҳамчунин илова кард, ки барои пешгирӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ, 4000 донишҷӯи тоҷикро аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба Тоҷикистон баргардонидаанд. Ятимов афзуд, ки хатари пайвастан ба гурӯҳҳои ифротгаро ин донишҷӯёнро таҳдид мекард.
Аммо гуфта нашудааст, ки ин донишҷӯёни тоҷик аз кадом кишварҳо баргардонида шудаанд. Қаблан, КДАМ борҳо талош кардааст, ки тамоми донишҷӯёни тоҷикро аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ, агарчи дар донишгоҳҳои маъруф ва пешрафта таълим мегиранд, ба кишвар баргардонад.
Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, дар рӯзи аввали нишаст ба ин натиҷа расиданд, ки омӯзгорон ва ходимони илм дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳу мактабҳо вазифадор шаванд, ки дар барномаҳои таълимии худ дарсҳои “мубориза бо терроризм ва экстремизм”-ро ворид кунанд.
Инчунин дар нишаст иштирокдорон “масъалаҳои таъсиси шабакаи огоҳсозии бармаҳал ва зиддитеррористӣ дар Осиёи Марказӣ” ва “таҷрибаи минтақавии мубориза бо терроризм”-ро низ муҳокима мекунанд.
Аммо таҳлилгарони мустақил бар ин назаранд, ки ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ на ба сабаби муҳоҷират ва ё камсаводӣ, балки бештар ба фишорҳои ҳукумат ва мақомдорон болои мардуми диндор аст. Бо фармони шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар дохили кишвар мадрасаҳо баста шуд, донишмандони динӣ зиндонӣ шуданд ва ё аз кишвар фирор карданд, ин сабаб шуд, ки ҷавонҳои зиёде таълимоти диниро ба таври нодуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва шахсони тасодуфӣ бигиранд ва ҳамин тариқ ба гурӯҳҳои ифротӣ бипайванданд.
