Даҳҳо кушта ва захмӣ дар пайи даргириҳои мусаллаҳона дар Ироқ

Дар пайи даргириҳои мусаллаҳона дар пойтахти давлати Ироқ шаҳри Бағдод байни нерӯҳои интизомӣ ва ҷонибдорони Муқтадо Садр, яке аз рӯҳониёни шиа дар ин кишвар даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Рӯзи душанбе Муқтадо Садр эълон кард, ки аз сиёсат канор меравад, дар пайи эълони ӯ, ҷонибдоронаш ба кохи раёсатҷумҳурии ин кишвар ҳамла карданд. Дар натиҷа қувваҳои интизомии бо гази ашковар хостанд муътаризонро дур кунанд, аммо даргириҳо шиддат гирифт.

Ба иттилои шабакаи “

Хушунатҳо дар Бағдод ва дигар шаҳрҳои Ироқ замоне авҷ гирифт, ки Муқтадо Садр рӯзи душанбе тасмим гирифт барои ҳамеша аз сиёсат канор меравад.

Оқои Садр яке аз чеҳраҳои руҳонии шиа ва сиёсии Ироқ ба шумор меравад. Эътилофи сиёсии ӯ дар интихоботи парлумонии моҳи октябри соли 2021 бештарини курсиҳои парлумонро соҳиб шуд. Аммо ба сабаби вуҷуди ихтилоф байни гурӯҳҳои сиёсӣ бо гузашти 9 моҳ ин кишвар натавонист ҳукумати расмиро ташкил бидиҳад. Ва ду моҳи пеш Садр аз намояндагони худ хост, ба сабаби нокомӣ дар ташкили ҳукумат аз парлумон истеъфо бидиҳанд.

Муқтадо Садр солҳои ахир аз ҳукуматдорон ба хотири “сиёсатҳои ғалат” интиқоди шадид мекард ва барои доштани як сиёсати хориҷии мустақил, ба хусус ҷудо аз ҳайманати Эрон эътилофи “Соирун”-ро роҳандозӣ кард. Ӯ бо ташкили ин эътилоф мехоҳад аз султаи Эрон дур бошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.